Заминларзаи сахт дар наздикии кӯли Сарез

Соати 12:50 дақиқаи вақти маҳалли имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон заминларза рух дод. Маркази заминларза бо қувваи 7,2 балл дар ноҳияи Мурғоб, 93 километрии шаҳраки Мурғоб, 138 километрии шимолу шарқи шаҳри Хоруғ муайян шудааст. Бино ба иттилои Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои ҶТ, маркази заминҷунбӣ дар километри 357-уми ҷанубу шарқи Душанбе ва дар  […]

ASIA-Plus



Соати 12:50 дақиқаи вақти маҳалли имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон заминларза рух дод. Маркази заминларза бо қувваи 7,2 балл дар ноҳияи Мурғоб, 93 километрии шаҳраки Мурғоб, 138 километрии шимолу шарқи шаҳри Хоруғ муайян шудааст.

Бино ба иттилои Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои ҶТ, маркази заминҷунбӣ дар километри 357-уми ҷанубу шарқи Душанбе ва дар  километри 22-юм аз кӯли Сарез воқеъ будааст

Ба иттилои зилзилашиносон, дар марказ қувваи заминларз 7-8 балл ва дар Душанбе 4 баллро ташкил додааст. Дар мавриди талафоти молию ҷонӣ маълумот нарасидааст.

Ёдрас мекунем, ки бар асари заминларзаи моҳи октябр дар қораи Осиё 385 нафар, аз ҷумла дар Покистон – 267 нафар, Афғонистон – 115 нафар ба ҳалокат расида, дар Покистон беш аз 10 ҳазор манзили сокинон хароб шуд. Он замон қувваи заминларза дар маркази он – шимоли Афғонистон дар кӯҳҳои Ҳиндукуш 7,5 балл арзёбӣ шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.