Парванда алайҳи 5 бародарон барои пинҳонкунии силоҳи Ҳоҷӣ Ҳалим

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон се сокини маҳаллаи Қаротегини пойтахтро бо ҷурми пинҳон кардани туфангчаҳои Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифоъ, ки бо номи Ҳоҷӣ-Ҳалим маъруф аст,  боздошт карда, ду тани дигарро дар ҷустуҷӯ қарор додааст. Бародарон Садриддин, Наҷмиддин, Муборак Мукаммиловҳо ҳоло дар боздошт қарор доранд, вале ду бародари дигари онҳо – Мирзо ва Қаноат  ҷустуҷӯ […]

Радиои Озодӣ



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон се сокини маҳаллаи Қаротегини пойтахтро бо ҷурми пинҳон кардани туфангчаҳои Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифоъ, ки бо номи Ҳоҷӣ-Ҳалим маъруф аст,  боздошт карда, ду тани дигарро дар ҷустуҷӯ қарор додааст. Бародарон Садриддин, Наҷмиддин, Муборак Мукаммиловҳо ҳоло дар боздошт қарор доранд, вале ду бародари дигари онҳо – Мирзо ва Қаноат  ҷустуҷӯ мешаванд.

Бино ба маълумоти

Радиои Озодӣ

, Мирзо Мукаммилови 43-соларо мақомот ронандаи шахсии Абдуҳалим Назарзода муаррифӣ мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ бародарони худро шомили гурӯҳи генерали ошӯбгар кардааст. Наҷмиддин Мукаммилов, яке аз ин бародарон дар гузашта ронандаи соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов будааст.

Бародарҳо дар ҳоле ба ҷинояткорӣ муттаҳам шуданд, ки аввали моҳи октябр кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур се сокини ин ноҳияро бо ҷурми нигаҳ доштани ду туфангча ва 20 дона тирдон боздошт карданд ва онҳо шоҳидӣ додаанд, ки туфангчаҳоро бо тирдон аз Мукаммиловҳо гирифтаанд.

Ҳоло се тан аз ин бародарон бо моддаи 195-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба силоҳ, айбдор мешаванд. Парвандаи онҳо ҳамчун узви гурӯҳи таъсисдодаи Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиа, ки рӯзи 4-уми сентябр даст ба ошӯби мусаллаҳона зад, таҳқиқ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки зимни амалиёти нерӯҳои қудратии ҷумҳурӣ алайҳи гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳи генерали ошӯбгар Назарзода аз 4 то 16 сентябри соли равон генерал ва чанде аз ҳамроҳони ӯ (дар маҷмӯъ 25 нафар террористон) кушта шуданд. Мутаассифона, дар ҷараёни амалиёт 14 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ низ ҷон бохтанд.

Тибқи маълумоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, генерал Назарзода бо мақсади анҷом додани табаддулоти давлатӣ дар ҳайати 300 нафар гурӯҳ ташкил карда будааст. Тибқи маълумоти расмӣ, то имрӯз беш аз 150 нафар аъзои гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.