Боздиди сарвазир аз майдони сохтмони бинои нави Академияи ВКД

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба ин макон ташриф овард. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, сарвазири мамлакат бо масъулини соҳа ва сохтмончиён вохӯрда, аз рафти корҳои анҷомдодашуда, тарҳи сохтмони бино, сатҳу сифат ва дигар корҳои банақшагирифта аз наздик дидан […]

ASIA-Plus



Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба ин макон ташриф овард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, сарвазири мамлакат бо масъулини соҳа ва сохтмончиён вохӯрда, аз рафти корҳои анҷомдодашуда, тарҳи сохтмони бино, сатҳу сифат ва дигар корҳои банақшагирифта аз наздик дидан намуд.

Бояд қайд намуд, ки барои бунёди бинои мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асос гузошта буд.

Сохтмончиён бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои сари вақт ва бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмиллалӣ ба истифода додани бинои мазкур тамоми кӯшишу ғайрати худро равона сохтаанд. То имрӯз, таҳкурсӣ ва сутуни деворҳои ин бинои нӯҳошёна бунёд гардида, хиштгузорӣ ва корҳои бетонию симбандӣ идома доранд.

Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ҷиҳати сари вақт ва босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ба масъулини соҳа дастуру супориши мушаххас дод.

Бунёди бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар иншоотҳои зарурии он дар масоҳати умумии 7,13 га ба нақша гирифта шуда, барои таҳсили шунавандагони ин боргоҳи илм пешбинӣ гардидааст.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.