Лоиҳаи қонун «Дар бораи пешвои миллат»-ро парлумон баррасӣ мекунад

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз дар бораи ба рӯзномаи ҷаласаи палатаи поёнии парлумон, ки санаи 9 декабр доир мегардад,  ворид кардани масъалаи баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қарор қабул кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии МНМО ҶТ , лоиҳаи қонуни мазкурро Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид […]

ASIA-Plus



Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз дар бораи ба рӯзномаи ҷаласаи палатаи поёнии парлумон, ки санаи 9 декабр доир мегардад,  ворид кардани масъалаи баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қарор қабул кард.

Бино ба иттилои

сомонаи расмии МНМО ҶТ

, лоиҳаи қонуни мазкурро Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода баррасӣ намуда, иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи гуруҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи дархосту пешниҳоди мардуми кишвар ҷиҳати ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, анъанаи неки давлатдорӣ, муттаҳидии халқ атрофии ғояҳои созандаю бунёдкорона, таҳкими сохтори конститутсионӣ ва қадршиносии хизматҳои фарзанди содиқу вафодори халқ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳомии роҳи таърихии рушди мамлакат ба сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Гуфта мешавад, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Конуни ҶТ ««Дар бораи фаъолияти сулҳоваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», тағйироту иловаҳо ба қонунҳо ««Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ», «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани IMG_4038гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», «Дар бораи иҷораи молиявӣ» ва «Дар бораи хизмати давлатӣ» низ баррасӣ шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.