Сафири Чин дар Тоҷикистон Юе Бин рӯзи 7 декабри соли равон нусхаҳои эътимодномаи худро ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов супорид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбате, ки пас аз маросими тақдими нусхаҳои эътимоднома сурат гирифт, ҷонибҳо аз раванди густаришу таҳкими шарикии стратегии Тоҷикистон ва Чин дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ, илмию гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо нақшаҳои муштаракро барои идомаи татбиқи амалии мувофиқаҳое, ки дар натиҷаи вохӯриҳои роҳбарони ду кишвар дар Душанбе моҳи сентябри соли 2014 ва дар Пекин моҳи сентябри соли ҷорӣ ҳосил шуданд, мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин замина бар зарурати пешбурди муштарак ва татбиқи лоиҳаҳое, ки барои рушди босуботи Тоҷикистон ва тамоми минтақа аҳамияти мубрам доранд, таъкид шуд.
Ҳамчунин ҳамин рӯз Сироҷиддин Аслов нусхаи эътимодномаи сафири Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир дар Тоҷикистон Насер Бушеритро низ қабул намуд.
Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Алҷазоир баррасӣ шуда, бар зарурати таҳкими робитаҳои сиёсӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, маориф ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид гардид
Доир ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ ва инчунин густариши ҳамкориҳо дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид ва Созмони ҳамкориҳои исломӣ табодули назар сурат гирифт.



