Оғози кори Низоми ягонаи электронии савдо дар бозори байнибонкии асъор

Шурӯъ аз 7 декабри соли ҷорӣ, дар таърихи низоми бонкии Тоҷикистон Низоми ягонаи электронии савдо дар бозори байнибонкии асъор тавассути платформаи кории ширкати “Томсон Ройтерс” дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба кор оғоз намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, минбаъд тамоми амалиётҳои хариду фурӯши асъори хориҷӣ аз тарафи Бонки миллӣ ҳамарӯза таввасути ин низом, […]

ASIA-Plus



Шурӯъ аз 7 декабри соли ҷорӣ, дар таърихи низоми бонкии Тоҷикистон Низоми ягонаи электронии савдо дар бозори байнибонкии асъор тавассути платформаи кории ширкати “Томсон Ройтерс” дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба кор оғоз намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, минбаъд тамоми амалиётҳои хариду фурӯши асъори хориҷӣ аз тарафи Бонки миллӣ ҳамарӯза таввасути ин низом, тариқи баргузории музоядаҳо гузаронида хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, ин иқдом барои фаъол намудани бозори байнибонкии асъор ва беҳтар кардани шароити мусоид оид ба хариду фурӯши асъори хориҷӣ тавассути системаи асосӣ ва инфрасохтори бонк, байни ташкилотҳои қарзӣ ва БМТ мусоидат хоҳад кард.

Зикр мегардад, ки то имрӯз аллакай 19 ташкилоти қарзӣ ба низоми номбурда пайваст шуда, метавонанд аз имкониятҳои васеъи он баҳрабардорӣ намоянд. Дигар ташкилотҳои қарзие, ки ҳоло пайваст нашудаанд ё дар ҷараёни пайвастшавӣ мебошанд, баъд аз пурра шомил шудан ба он ба бозори байнибонкии асъор роҳ меёбанд.

Хотиррасон мешавад, ки ҳадаф аз татбиқи ҷадиди заминаи (платформа)-и ширкати “Томсон Ройтерс” имрӯз дар БМТ, ин дар сатҳи зарурӣ ҷорӣ намудани бозори байнибонкии асъор, мубодилаи асъор байни ташкилотҳои қарзӣ буда, иҷрои самараноки он ба мутобиқ гардонидани бозори ғайринақдӣ ба платформаи мазкур оварда мерасонад. Ин амал яке аз бандҳои асосӣ ва муҳими иҷрои барномаи ислоҳоти БМТ ба ҳисоб меравад.

Қайд мешавад, ки дар музоядаи рӯзи 7 декабр аз 2 млн. доллари ИМА-и ба бозори байнибонкии асъор пешниҳодшуда 42,5 фоизи он бо дархости иштирокдорони ин бозор фурухта шуда, талаботи онҳо қонеъ гардонида шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.