Хуҷанд зеботарину покизатарин шаҳри Тоҷикистон

Шаҳри Хуҷанд – маркази вилояти Суғд дар назарпурсии расонаи иттилоотии «Ховар», ки барои муайян кардани шаҳри тозатарин, зеботарин ва муосири Тоҷикистон дар соли 2015 миёни хонандагони сомона аз 24-уми ноябр то 7-уми декабри соли равон баргузор шуд, ғолиб омад. Тавре хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд бо такя ба маълумоти АМИТ Ховар иттилоъ медиҳад, ҳадафи назарпурсӣ […]

ASIA-Plus



Шаҳри Хуҷанд – маркази вилояти Суғд дар назарпурсии расонаи иттилоотии «Ховар», ки барои муайян кардани шаҳри тозатарин, зеботарин ва муосири Тоҷикистон дар соли 2015 миёни хонандагони сомона аз 24-уми ноябр то 7-уми декабри соли равон баргузор шуд, ғолиб омад.

Тавре хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд бо такя ба маълумоти АМИТ Ховар иттилоъ медиҳад, ҳадафи назарпурсӣ тарғиби фарҳанги шаҳрдорӣ, мусоидат ба муомила, муносибат, муошират ва сатҳи хизматрасонии баланд дар миёни сокинони шаҳрҳои мамлакат  буд. Дар раъйпурсӣ 7 шаҳри калонтарини мамлакат бо шумули пойтахти кишвар Душанбе ва шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Қурғонтеппа, Хоруғ, Норак ва Турсунзода номнавис шуда буданд.

То соати 7-и субҳи 7 декабр дар назарпурсӣ 334 нафар иштирок карданд, ки аз ин шумора 40 фоиз шаҳри Хуҷанд, 30 фоиз шаҳри Душанбе, 12 фоиз шаҳри Кӯлоб, 5 фоиз шаҳри Хоруғ, 5 фоиз шаҳри Норак, 4 фоиз шаҳри Қурғонтеппа ва 4 фоиз шаҳри Турсунзодаро зеботарину покизатарин шаҳри Тоҷикистон дар соли 2015 донистаанд.

Дар назарпурсии сомона бо забони русии АМИТ «Ховар» дар ин хусус 182 нафар ширкат варзида, ба ҷонибдории шаҳри Хуҷанд – 42%, Душанбе – 29%, Кӯлоб – 10%, Норак – 6%, Турсунзода – 5% ва Қӯрғонтеппаву Хоруғ – 4%-ӣ овоз додаанд.

Қобили зикр аст, ки натиҷаҳои назарсанҷӣ шартӣ ва ғайрирасмӣ буда, танҳо назару андешаи корбарони фаъоли сомонаро ифода мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.