Раиси пойтахт ба кӯчонидани масҷидҳои ғайриқонунӣ сохташуда дастур дод

Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 7 декабр машварати кории мақомоти шаҳрдорӣ доир гардида, дар он масъалаи кӯчонидани масҷидҳои ғайриқонунӣ сохташуда, ки ба меъёрҳои меъморӣ ҷавобгӯ нестанду ба сифати ҷойҳои ҷамъиятӣ бунёд шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ғайр аз ин, дар машварат ба масоили истифодаи ин иншооти тарҳашон хушсифату хуб барои бунёди бунгоҳҳои […]

Аваз Юлдошев



Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 7 декабр машварати кории мақомоти шаҳрдорӣ доир гардида, дар он масъалаи кӯчонидани масҷидҳои ғайриқонунӣ сохташуда, ки ба меъёрҳои меъморӣ ҷавобгӯ нестанду ба сифати ҷойҳои ҷамъиятӣ бунёд шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ғайр аз ин, дар машварат ба масоили истифодаи ин иншооти тарҳашон хушсифату хуб барои бунёди бунгоҳҳои тиббӣ, нуқтаҳои назорати тартиботи ҷамъиятӣ ва корхонаҳои хурди истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Тавре як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, М.Убайдуллоев ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати таҳкими робитаи мутақобила бо намояндагони аҳли ҷомеа дар кори ҳимоя аз арзишҳои миллӣ, иҷрои бечуну чарои қарорҳои раиси пойтахт дар бораи кӯчонидан ё истифодаи масҷидҳои ғайриқонунӣ сохташуда ба сифати бунёди дигар иншоот ва ба ин васила фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дастуру супоришҳо додааст.

Барои пурзӯр кардани тадбирҳои таъмини амният дар шаҳр ва назорати тартиботи ҷамъиятӣ, раиси пойтахт ба сохторҳои марбута дастур додааст, ки фаъолияти камераҳои мушоҳидаи видеоиро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.

М.Убайдуллоев аз рафти амалисозиву риояи талаботи қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Тоҷикистон» норозигӣ изҳор намуда, дастур додааст, ки аз болои иҷрову риояи он дар шаҳр назорати қатъӣ ҷорӣ карда шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.