Иштироки С.Аслов дар кори конфронси «Қалби Осиё– Раванди Истамбул»

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 7 декабри соли равон барои иштирок дар кори Конфронси панҷуми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё– Раванди Истамбул» ба шаҳри Исломобод сафар кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҳошияи конфронс вохӯриҳои дуҷонибаи С.Аслов бо роҳбарони ҳайатҳои як қатор кишварҳои иштироккунандаи раванди мазкур пешбинӣ шудаанд. Гуфта […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 7 декабри соли равон барои иштирок дар кори Конфронси панҷуми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё– Раванди Истамбул» ба шаҳри Исломобод сафар кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҳошияи конфронс вохӯриҳои дуҷонибаи С.Аслов бо роҳбарони ҳайатҳои як қатор кишварҳои иштироккунандаи раванди мазкур пешбинӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаи конфронси мазкур қабули Эъломияи Исломобод зери унвони «Қалби Осиё–Раванди Истамбул: тавсеаи ҳамкориҳо ҷиҳати мубориза алайҳи чолишҳои амниятӣ ва таҳкими ҳамбастагӣ дар минтақаи Қалби Осиё» дар назар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.