Роҳбари Хадамоти алоқа раиси Федератсияи бокс интихоб шуд

Сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон Бег Сабурӣ раиси Федератсияи бокси кишвар интихоб шуда, дар ин вазифа Бобоҷон Маҳмадрасуловро иваз намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ бо истинод ба радиои Озодӣ, дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпӣ конфронси Федератсияи бокси Тоҷикистон доир гардида , Бобоҷон Маҳмадрасулов, раиси Федератсияи бокси Тоҷикистон, аз вазифааш […]

ASIA-Plus



Сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон Бег Сабурӣ раиси Федератсияи бокси кишвар интихоб шуда, дар ин вазифа Бобоҷон Маҳмадрасуловро иваз намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ бо истинод ба радиои Озодӣ, дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпӣ

конфронси Федератсияи бокси Тоҷикистон доир гардида

, Бобоҷон Маҳмадрасулов, раиси Федератсияи бокси Тоҷикистон, аз вазифааш истеъфо дод ва вакилони конфронс ӯро ба вазифаи дабири кулли Федератсияи бокси кишвар интихоб намудаанд.

Гуфта мешавад, Бег Сабурӣ ҳамзамон раиси шӯрои директорони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» мебошад. Академияи хизматчиёни давлатии назди президенти Федератсияи Русияро хатм карда, номзади илмҳои иқтисодист.

Бо ибтикори Бег Сабурӣ моҳи октябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бунёд ёфта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Моҳи августи соли равон бошад, Бег Сабурӣ дар шаҳри Кӯлоб ҳавзи шиноварӣ бунёд намуд, ки ин иншооти замонавӣ низ аз ҳисоби маблағҳои Хадамоти алоқа бо назардошти тамоми шароити зарурӣ сохта шудааст.

Бег Сабурии 53-сола оиладор, соҳиби чаҳор писар мебошад. Писари дувумаш Сиёвуш Зуҳуров, донишҷӯи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба бокс (муштзанӣ) машғул аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.