Ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Рӯзибой Идиев ташриф оварда, миннатдории худро ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати дастгирию кӯмак ба оилаи бародараш, марҳум Алибой Идиев – корманди Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ, ки дар ҳодисаҳои моҳи сентябри соли равон, ҳангоми муқовимати мусаллаҳона алайҳи гуруҳҳои муташаккили ҷинояткор ҳалок гардида буд, иброз намуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, Рӯзибой Идиев дар сӯҳбат бо онҳо зикр кардааст, ки бародараш Алибой Идиев дар мақомоти корҳои дохилӣ тӯли 13-сол фаъолият намуда, ҳамеша дар сафи пеш қарор дошт ва ҳама вақт дар хизмати халқу Ватан буда, барои тинҷию амонӣ ва осоиштагии ин миллату ин диёр ҷони худро нисор кард.
«Ҳарчанд аз ҳалокати бародари шаҳидгаштаамон мо андӯҳгину ғамзада гаштем, вале кӯмаку дастгириҳо ва таваҷҷӯҳи Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро моро рӯҳбаланд гардонид», – иброз доштааст ӯ.
Дар идома ӯ қайд кардааст, ки аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумат сарфароз гардонидани марҳум Алибой Идиев бо ордени «Спитамен» дараҷаи 2, ба оилаи ӯ додани манзили истиқоматӣ, гузоштани мактаби таҳсилоти умумии №57-и ноҳияи Айнӣ ба номи Алибой Идиев ва расонидани кӯмаки моддиву молӣ ба зану фарзандонаш ин нишонаи қадр намудани ҷоннисорию корнамоиҳои фарзандони сарсупурдаи миллат мебошад.
«Мо аҳли оила ва наздикону пайвандони Алибой Идиев барои зоҳир намудани чунин ғамхорию дастгириҳо ба Президенти кишвар ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ менамоем. Ногуфта намонад, ки писари ман Абдушафӣ, ки Донишгоҳи политехникиро хатм кардааст, мехоҳад пайроҳаи амакашро идома дода, дар мақомоти корҳои дохилӣ ба кор дарояд ва ба мисли Алибой ба халқу Ватан содиқона хизмат кунад», – илова кардааст дар хотимаи сӯҳбат Рӯзибой Идиев.



