Арзи сипоси бародари корманди ҳалокшудаи ОМОН ба президент

Ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Рӯзибой Идиев ташриф оварда, миннатдории худро ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати дастгирию кӯмак ба оилаи бародараш, марҳум Алибой Идиев – корманди Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ, ки дар ҳодисаҳои моҳи сентябри соли равон, ҳангоми муқовимати мусаллаҳона алайҳи гуруҳҳои муташаккили ҷинояткор ҳалок гардида буд, иброз […]

ASIA-Plus



Ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Рӯзибой Идиев ташриф оварда, миннатдории худро ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати дастгирию кӯмак ба оилаи бародараш, марҳум Алибой Идиев – корманди Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ, ки дар ҳодисаҳои моҳи сентябри соли равон, ҳангоми муқовимати мусаллаҳона алайҳи гуруҳҳои муташаккили ҷинояткор ҳалок гардида буд, иброз намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, Рӯзибой Идиев дар сӯҳбат бо онҳо зикр кардааст, ки бародараш Алибой Идиев дар мақомоти корҳои дохилӣ тӯли 13-сол фаъолият намуда, ҳамеша дар сафи пеш қарор дошт ва ҳама вақт дар хизмати халқу Ватан буда, барои тинҷию амонӣ ва осоиштагии ин миллату ин диёр ҷони худро нисор кард.

«Ҳарчанд аз ҳалокати бародари шаҳидгаштаамон мо андӯҳгину ғамзада гаштем, вале кӯмаку дастгириҳо ва таваҷҷӯҳи Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро моро рӯҳбаланд гардонид», – иброз доштааст ӯ.

Дар идома ӯ қайд кардааст, ки аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумат сарфароз гардонидани марҳум Алибой Идиев бо ордени «Спитамен» дараҷаи 2, ба оилаи ӯ додани манзили истиқоматӣ, гузоштани мактаби таҳсилоти умумии №57-и ноҳияи Айнӣ ба номи Алибой Идиев ва расонидани кӯмаки моддиву молӣ ба зану фарзандонаш ин нишонаи қадр намудани ҷоннисорию корнамоиҳои фарзандони сарсупурдаи миллат мебошад.

«Мо аҳли оила ва наздикону пайвандони Алибой Идиев барои зоҳир намудани чунин ғамхорию дастгириҳо ба Президенти кишвар ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ менамоем. Ногуфта намонад, ки писари ман Абдушафӣ, ки Донишгоҳи политехникиро хатм кардааст, мехоҳад пайроҳаи амакашро идома дода, дар мақомоти корҳои дохилӣ ба кор дарояд ва ба мисли Алибой ба халқу Ватан содиқона хизмат кунад», – илова кардааст дар хотимаи сӯҳбат Рӯзибой Идиев.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.