Сафарбарии чархболҳо баҳри рафъи оқибатҳои табиӣ дар ВМКБ бо дастури президент

Бо дастури президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, шурӯъ аз имрӯз барои кумак ба аҳолии осебдидаи водии Бартанги ноҳияи Рӯшони ВМКБ ду чархболи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ сафарбар мешаванд. Роҳбари шуъбаи робита бо ҷомеаи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бинобар номусоидии обуҳаво, чархболҳо рӯзи 8 декабр ба водии Бартанг […]

Аваз Юлдошев



Бо дастури президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, шурӯъ аз имрӯз барои кумак ба аҳолии осебдидаи водии Бартанги ноҳияи Рӯшони ВМКБ ду чархболи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ сафарбар мешаванд.

Роҳбари шуъбаи робита бо ҷомеаи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бинобар номусоидии обуҳаво, чархболҳо рӯзи 8 декабр ба водии Бартанг парвоз карда натавонистаанд.

«Имрӯз, 9 декабр обуҳавошинсон ба парвози чархболҳо то маркази ноҳияи Рӯшон иҷозат доданд ва агар обуҳаво имкон диҳад, онҳо дар идома ба Бартанг раҳсипор мешаванд, вале агар имкони парвоз нашавад, бори онҳо – хаймаҳову маҳсулоти ғизойӣ тариқи автомашинаҳо ба осебдидагон расонида хоҳад шуд», – гуфт Асламшоева.

Зимнан зикр гардид, ки вазъи сарбанди кӯли Сарез баъди ҳодисаи заминларзаи рӯзи 7 декабр ҳеҷ хавфу хатаре надорад.

Комиссияи ҳукуматии таъсисёфта бо дастури президент таҳти раҳбарии муовини нахуствазир Азим Иброҳим дар роҳ ба самти Хоруғ буда, аз имрӯз роҳандозии фаъолияти ситод дар маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ дар назар аст.

Раиси вилоят Шодихони Ҷамшед дар водии Бартанг қарор дорад, ки аз ҳама бештар аз заминларза осебдида эътироф мешавад. Имрӯз кӯчонидани одамони бесарпаноҳмонда аз Бартанг ба маркази Рӯшон дар нақша аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.