Сафари сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳ ба Маскав

Сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-майор Эмомалӣ Собирзода ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Кумитаи ҳарбии назди Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ(СААД) ба шаҳри Маскав рафт. Бино ба иттилои котиби матбуотии Вазорати мудфоаи ҶТ полковник Фаридун Маҳмадалиев, ҷаласа таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳарбӣ, сардори Ситоди кулли […]

Аваз Юлдошев



Сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-майор Эмомалӣ Собирзода ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Кумитаи ҳарбии назди Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ(СААД) ба шаҳри Маскав рафт.

Бино ба иттилои котиби матбуотии Вазорати мудфоаи ҶТ полковник Фаридун Маҳмадалиев, ҷаласа таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳарбӣ, сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Арманистон генерал-полковник Юрий Хачатуров доир гардида, дар кори он аъзои Кумитаи ҳарбии мазкур – сардорони Ситодҳои кулли Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва ҳамчунин Дабири кулли СААД Николай Бордюжа ва сардори Ситоди муттаҳидаи СААД генерал-полковник Анатолий Сидоров ширкат меварзанд.

Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти СААД, дар ҷаласа баррасии як қатор масъалаҳо, аз ҷумла таҳдиду чолишҳо ба минтақаи таҳти масъулияти СААД қарордошта, тадбирҳои аввалиндараҷаи такмили Артиш (Нерӯҳои дастаҷамъона)-и Созмон ба иҷрои вазифаҳо оид ба таъинот ва таҳкими имконоти ҳарбии СААД, амалиёти Русия дар Сурия ва чораҳои андешида дар робита ба амалҳои душманонаи Туркия нисбати ҳавопаймои Нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия дар назар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.