Кумаки БОР дар муқовимат ба расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада

Дар мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Сироҷиддин Икромов бо ҳайати Бонки осиёгии рушд (БОР) –роҳбари лоиҳаи ёрии техникӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм Саид Зайдоншоҳ ва коршиноси байналмилалӣ Нил Ҷенсенмасъалаҳои рафти амалишавии лоиҳаи ёрии техникӣ барои Тоҷикистон ҷиҳати пурзӯр намудани […]

ASIA-Plus



Дар мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Сироҷиддин Икромов бо ҳайати Бонки осиёгии рушд (БОР) –роҳбари лоиҳаи ёрии техникӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм Саид Зайдоншоҳ ва коршиноси байналмилалӣ Нил Ҷенсенмасъалаҳои рафти амалишавии лоиҳаи ёрии техникӣ барои Тоҷикистон ҷиҳати пурзӯр намудани низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ва нақшаи корӣ барои оянда баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, аз 30 ноябр то 9 декабри соли ҷорӣ ҳайати БОР дар доираи лоиҳаи ёрии техникӣ барои Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад.

Зимни суҳбат роҳбари лоиҳаи зикршуда Саид Зайдоншоҳ иброз дошт дар доираи татбиқи лоиҳаи ёрии техникӣ вохӯриҳо бо намояндагони вазорату кумитаҳо баргузор гардиданд. Дар баробари ин, барои аъзои Гурӯҳи корӣ, кормандони молия, бонкӣ ва намояндагони бахши хусусӣ се семинар дар самти омода намудани лоиҳаи ҳуҷҷати Баҳодиҳии хавфи миллӣ гузаронида шуд.

Сироҷиддин Икромов дар ҷараёни вохӯрӣ ба намояндагони ҳайати БОР барои расонидани ёрии техникӣ изҳори миннатдорӣ намуда, махсус қайд кард, ки гузаронидани Баҳодиҳии хавфи миллӣ яке аз талаботҳои асосии тавсияҳои нави ФАТФ буда, анҷоми бомуваффақияти ин чорабинӣ барои Тоҷикистон аҳамияти калон дора два он барои кам намудани сатҳи хавф, пурзур намудани низоми мубориза ба қонунигардонии маблағҳо ҷалби бештари сармояи хориҷӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар робита ба ҷамъоварии маълумот барои таҳияи ҳисоботи Баҳодиҳии хавфи миллӣ Бонки миллии Тоҷикистон омода аст бо ҳайати БОР ҳамкорӣ намуда, дар пешниҳоди ин ҳуҷҷати муҳим саҳм гузорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.