Парлумон Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои миллат эълон кард

Палатаи поёнии парлумон имрӯз лоиҳаи қонуни аз ҷониби як гурӯҳи вакилон пешниҳодшуда «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро ҷонибдорӣ намуд. Қабл аз овоздиҳӣ раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки ӯ «бо амри дилу қарзи шаҳрвандӣ, ору номус ва виҷдон барои хизматҳои шоистаи президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон назди […]

Аваз Юлдошев



Палатаи поёнии парлумон имрӯз лоиҳаи қонуни аз ҷониби як гурӯҳи вакилон пешниҳодшуда «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро ҷонибдорӣ намуд.

Қабл аз овоздиҳӣ раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки ӯ «бо амри дилу қарзи шаҳрвандӣ, ору номус ва виҷдон барои хизматҳои шоистаи президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон назди Ватан ва халқ» ба «ҷонибдорӣ»-и қабули қонун раъй медиҳад.

«Эмомалӣ Раҳмон ба таблиғ ниёз надорад: кайҳо собит шудааст, ки ӯ ҳимоягари манфиатҳои миллии кишвар ва мардуми он аст ва Худованд ба ӯ малакаи пешво ва роҳбар буданро додааст», – иброз дошт вай.

«Президенти мо чандин маротиба дар амал нишон дод, ки барои Тоҷикистон, мардуми он, баҳри ҳифзи сулҳу субот дар кишвар омода аст ҳаёташро бубахшад», – қайд кард Ш.Зуҳуров.

Ӯ изҳори бовар кард, ки лоиҳаи қонуни мавриди баррасӣ қарордошта ба муттаҳид шудани мардуми кишвар атрофи пешвои худ мусоидат менамояд. «Ҳар як миллат замони дар ҳаёт будани фарзандони арзандаву содиқи худ бояд ба онҳо эҳтиром гузорад», – изҳор дошт Ш.Зуҳуров.

Раиси палатаи поёнии парлумон таъкид дошт, ки қабули қонунҳои ба ин монанд дар ИМА, Ҳиндустон, Индонезия, Қазоқистон арзишҳои демократия ва озодиро маҳдуд накарданд, баракс ба муттаҳид шудани мардуми ин кишварҳо мусоидат намуданд.

«Медонем, ки дӯстон ва душманони мо қабули лоиҳаи қонуни мазкурро гуногун арзёбӣ хоҳанд кард, вале мо мутмаинем, ки дар Тоҷикистон он аз ҷониби ҳама яксон – ҳамчун ифтихор аз кишвару пешвои он қабул хоҳад шуд», – гуфт ӯ.

Яке аз муаллифони лоиҳаи қонун вакил Абдураҳим Холиқзода қайд кард, ки лоиҳаи ин қонун бар асоси дархост ва пешниҳодҳои интихобкунандагон таҳия шудааст.

«Лоиҳаи қонун ваколати Пешвои миллат, дахолатнопазирии ӯ баъди тарк кардани мансаби президенти Тоҷикистон, таъмини ӯ бо нақлиёт, манзили зист, имтиёзҳои иҷтимоӣ баъди анҷоми муҳлати президентиро муқаррар мекунад», – гуфт Холиқзода.

Ӯ таъкид дошт, ки пас аз мансаби президентиро тарк гуфтан Пешвои миллат ҳамчунин барои муроҷиат ба мардуми ҷумҳурӣ, иштирок кардан дар кори чорабиниҳои муҳими давлатӣ ва суханронӣ дар онҳо ҳуқуқ дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.