Маҷлиси ҳукумат доир ба вазъ дар Бадахшон

Субҳи имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба роҳҳои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи шадид дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон доир гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози машварат доир ба талафоту хисороти аз заминларза воридшуда ва чораҳои фаврии то ин дам андешидашуда Сарвазири мамлакат […]

ASIA-Plus



Субҳи имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба роҳҳои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи шадид дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози машварат доир ба талафоту хисороти аз заминларза воридшуда ва чораҳои фаврии то ин дам андешидашуда Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода гузориш дод.

Тавре зикр гардид, дар қаламрави вилояти Бадахшон 237 хона пурра ва 588 хона қисман вайрон шудаанд. 214 хонаи пурра ва 205 хонаи қисман зарардида ба ноҳияи Рӯшон рост меояд.  Ҳамчунин иншооти зиёди иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу китобхона ва дигар муассисаҳо қисман зарар дидаанд.

Чунонки иттилоъ доданд, бошандагони ҳамаи 237 хонаи пурра харобшуда дар ҷойҳои зисти муваққатӣ ҷойгир ва бо маводи ғизоӣ, сарулибос ва дигар ашёи зарурӣ таъмин карда шудаанд.

Тоза кардани роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз сангу шағали бар асари заминларза болои роҳҳо рехта бо сафарбар кардани техникаю механизмҳои зарурӣ муташаккилона ба роҳ монда шудааст. Як қисми роҳҳо аллакай тоза шудаанд. Давоми се рӯзи оянда ҳамаи роҳҳо пурра тоза карда мешаванд.

Супориш дода шуд, ки дар мавзеъҳои бехавф барои бунёди маҳаллаҳои нави истиқоматӣ ҷойҳо муайян карда шаванд, то ки аз баҳору тобистони соли оянда мардум ба бунёди хонаҳои нави худ оғоз намоянд.

Тибқи дастури дигари Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ ва дигар ашёи талаботи ҳаррӯза дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бояд фаровон захира карда шавад.

«Чархболҳо низ барои расондани кумакҳои фаврӣ ва интиқол додани одамон ба ҷойҳои бехавф дар мавзеъҳои наздик ба ноҳияҳои аз заминларза осебдида ҳамеша омода бошанд», – таъкид намуд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?