Баррасии рушди муносибатҳои Теҳрону Душанбе дар Исломобод



Дар ҳошияи конфронси панҷуми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё – Раванди Истамбул» дар Исломобод вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Сироҷидин Аслов рӯзи 8 декабри соли равон бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии  Исломии Эрон Ҷавод Зариф мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Эронро дар арсаҳои мухталиф баррасӣ намуданд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин атрофи вазъ ва чолишҳои амнияти минтақа ва масъалаҳои мубрами байналмилалӣ табодули назар сурат гирифт.

spot_imgspot_img

Популярное