Тоҷикистон ба эътилофи исломӣ алайҳи ДИ пайвастанӣ нест



Қаблан васоити ахбори умум иттилоъ доданд, ки Озарбойҷон ва Тоҷикистон имкони пайвастан ба эътилофи исломии низомӣ таҳти раҳбарии Арабистони Саудиро баррасӣ доранд.

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода, ки дар шаҳри Остона (Қазоқистон) ҷиҳати иштирок дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии «Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ» қарор дорад, ба хабарнигори ТАСС дар ин робита изҳор намудааст, ки Тоҷикистон масъалаи пайвастан ба эътилофи таъсисёфта бо ташаббуси Арабистони Саудӣ алайҳи гурӯҳи терористии «Давлати исломӣ» (ДИ)-ро, ки фаъолияташ дар Русия ва як қатор давлатҳои дигар манъ аст, дар сатҳи расмӣ мавриди баррасӣ қарор надодааст. «Мо умуман ин масъаларо баррасӣ надорем». – гуфтааст ӯ.

Қаблан нашрияи умумиарабии 

«Аш-Шарк ал-Аусат»

иттилоъ дода буд, ки Озарбойҷону Тоҷикистон имкони пайвастан ба эътилофи исломии низомӣ оид ба мубориза бо терроризм таҳти сарварии Арабистони Саудиро баррасӣ доранд.

«Тоҷикистон масъалаи шомил гардидан ба ин эътилофро бо фароҳам омадани имкони аввал ҷиддӣ мавриди омӯзиш қарор додааст», – менависад нашрия бо такя ба

гуфтаҳои сафири Тоҷикистон

дар Ар-Риёз Шариф Азамшо Латифзода.

Ба иттилои дипломат, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввали моҳи январи соли оянда аз Ар-Риёз боздид ва бо шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон дидору гуфтушунид анҷом доданист ва имкон дорад, ки дар ин вохӯрӣ ҷонибҳо сари масъалаи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, аз ҷумла имкони иштироки Душанбе дар эътилофи исломӣ гуфтушунид кунанд.

Ба ин эътилофи бо ташаббуси Арабистони Саудӣ  ташкилшуда 34 кишвар шомиланд. Боз беш аз 10 кишвари ҷаҳон бо шумули Индонезия аз таъсиси чунин эътилоф пуштибонӣ намуданд. Ситоди муттаҳида оид ба ҳамоҳангсозӣ ва баргузории амалиёти низомии эътилоф дар Ар-Риёз ҷойгир хоҳад шуд.

spot_imgspot_img

Популярное