Бо таронаи Душанбе «Рекорд оркестр» дар финали шоу-барномаи телевизиони Русия



Дастаи ҳунарии «Рекорд оркестр»-и шаҳри Владимир дар шоу-барномаи «Главная сцена»-и шабакаи телевизионии Русия таронаи «Суруд дар бораи Душанбе» (Песня о Душанбе»)-ро иҷро намуд, ки ҳанӯз замони шӯравӣ Александр Затсепин ва Евгений Долматовский таҳия намуда буданд.


Бо иҷрои маҳз ҳамин тарона ин дастаи ҳунарӣ ба даври финалии ин шоу-барнома роҳ ёфт.

Ҳайати ҳакамони озмун ва худи Александр Затсепин, ки дар барнома ҳузур дошт, аз иҷрои ин тарона ба ваҷд омаданд.  

https://www.youtube.com/watch?v=ArYYd5nI7bo

spot_imgspot_img

Популярное