Ҳалокати 110 журналист дар саросари ҷаҳон тӯли соли 2015

Давоми соли 2015 дар саросари ҷаҳон 110 журналист бинобар сабаби фаъолият ё бо сабабҳои номаълум кушта шуданд. Дар гузориши созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи «Хабарнигорони бидуни марз» (RSF) дар ин робита зикр мегардад , ки 67 нафар рӯзноманигорон бинобар сабаби фаъолияти касбиашон ба ҳалокат расидаанд. «Дар аксари кишварҳо журналистон бо эҷоди ххатар барои худ фаъолият мекунанд, […]

ASIA-Plus



Давоми соли 2015 дар саросари ҷаҳон 110 журналист бинобар сабаби фаъолият ё бо сабабҳои номаълум кушта шуданд.

Дар гузориши созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи «Хабарнигорони бидуни марз» (RSF)

дар ин робита зикр мегардад

, ки 67 нафар рӯзноманигорон бинобар сабаби фаъолияти касбиашон ба ҳалокат расидаанд.

«Дар аксари кишварҳо журналистон бо эҷоди ххатар барои худ фаъолият мекунанд, чунки сари мавзӯъҳои мубрам кор карда, шахсони мансабдор (ба ҳукумат наздик)-ро мавриди интиқод қарор медиҳанд. Маълумоти оморӣ гувоҳи он аст, ки талоши ҷомеаи байнулмилалӣ баҳри коҳиши зӯроварӣ нисбати рӯзноманигорон самараи дилхоҳ намедиҳад», – гуфтааст наояндаи RSF Бритта Хилперт.

Ҳамчунин дар гузориш иттилоъ дода мешавад, ки соли сеюм аст, ки пайдарпай Сурия кишвари аз ҳама хатарноктарин барои журналистон боқӣ мемонад. Ба ном Давлати исломии дар қаламрави ин кишвар низ амалкунанда ба марги 40% аз шумори умумии журналистон имсол кушташуда масъул аст.

Ғайр аз ин, дар рӯйхати кишварҳои хатарноктарин барои фаъолияти журналистон Ироқ, Бангладеш, Судони Ҷанубӣ ва Яман ном бурда шудаанд. Дар ҳар кадоме аз ин кишварҳо бинобар сабаби фаъолияти касбӣ 5 нафарӣ журналистон кушта шудаанд. Фаронса бори нахуст дар сафи кишварҳо ноамн барои кормандони ВАО қарор гирифт.

Рӯзи 7 январ ба идораи ҳафтавори ҳаҷвии фаронсавии Charlie Hebdo бо нидоҳои «Аллоҳу Акбар» террористон ворид шуда, кормандони ин ҳафтаворро паррониданд. Дар натиҷа 10 корманди ҳафтавор ва 2 корманди пулис ба ҳалокат расиданд.

Рӯзи дигараш дар Монруже, ҷанубии шаҳри Париж низ тирпарронӣ ба вуқӯъ пайваста, як корманди пулис ҳалок ва 1 корманди дигар захмӣ шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.