Пахши барномаҳои шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон дар 38 кишвари ҷаҳон

Date:



Барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистонро дар 38 кишвари Осиё, Аврупо ва Африқо тамошо мекунанд.

Директори ҶСК «Телерадиоком»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон Хуршед Ҳабибов дар ин робита изҳор намуд, ки барномаҳои шабакаҳои телевизиони Тоҷикистонро ба ҷуз ҷумҳурии худамон, дар ҳаҷми пурра метавон дар 24 кишвар – давлатҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва ҳамчунин як қатор кишварҳои Аврупои Шарқӣ тамошо кард.

Ғайр аз ин, қайд кард номбурда, барномаҳои телевизиони Тоҷикистон қисман дар 13 кишвари Аврупои Ғарбӣ ва Осиё низ қабул карда мешавад.

Ба гуфтаи Ҳабибов, ҳамчунин барои тамошои барномаҳои телевизиони Тоҷикистон тариқи шабакаи Интернет низ шароиту имкон фароҳам оварда шудааст.

Зимнан таъкид гардид, ки айни замон 54%-и аҳолии Тоҷикистон бо пахши рақамиии барномаҳои телевизион таъмин карда шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...