Дар маҷлисгоҳи Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» пагоҳ, 16 январ анҷумани навбатии 14-уми Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) доир мегардад, ки дар кори он беш аз 200 нафар вакилон аз тамоми минтақаҳои кишвар ширкат меварзанд.
Дар анҷуман бо ҳисобот аз фаъолияти Иттиҳод давоми солҳои гузашта муовини аввали раиси ИЖТ Ёқуб Исмоилзода маърӯза хоҳад кард. Сипас раис ва аъзои раёсати Иттиҳод интихоб карда мешаванд.
Дар кори анҷуман аз иштироки ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмон ва вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода интизорӣ меравад.
Қобили зикр аст, ки ба Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон тайи солҳои ахир рӯзноманигори шинохта Акабаралӣ Сатторов роҳбарӣ мекард, ки 28 августи соли гузашта бемаҳал аз олам даргузашт.


