Рустами Эмомалӣ то соли 2020 президент мемонад

Дар конфронси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ки дар толори конфронси меҳмонхонаи «Хайят-Реҷенси» дар Душанбе доир гардид, президенти амалкунандаи Федератсия Рустами Эмомалӣ дубора ба ин мансаб ба муҳлати то соли 2020 интихоб шуд. Зимни суханронӣ дар конфронс Рустами Эмомалӣ дастовардҳои футболи тоҷик дар давраи ҳисоботиро қайд намуда, қабули Барномаи рушди футболи Тоҷикистон, соли футболи оммавӣ […]

Сайфиддин Қараев



Дар конфронси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ки дар толори конфронси меҳмонхонаи «Хайят-Реҷенси» дар Душанбе доир гардид, президенти амалкунандаи Федератсия Рустами Эмомалӣ дубора ба ин мансаб ба муҳлати то соли 2020 интихоб шуд.

Зимни суханронӣ дар конфронс Рустами Эмомалӣ дастовардҳои футболи тоҷик дар давраи ҳисоботиро қайд намуда, қабули Барномаи рушди футболи Тоҷикистон, соли футболи оммавӣ эълон шудани соли 2014, ғамхорӣ нисбати футбол миёни кӯдакон ва дастовардҳои дастаи футболи «Истиқлол» дар мусобиқаи Ҷоми КФО-2015-ро аз ҷумла ин комёбиҳо арзёбӣ кард.

Ноиби президенти ФФТ Хуршед Файзуллозода ва роҳбари департаменти молиявии Федератсия Нарзулло Бозоров аз натиҷаҳои фаъолияти Федератсия давоми солҳои 2012-2015 ҳисобот дода, вакилони конфронс ин ҳисобтҳоро тасдиқ намуданд.

Хуршед Файзуллозода бахусус кор дар самти такмили ихтисоси мураббиёни футболи тоҷикро зикр карда, изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ 37 семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуда, 48 мураббӣ иҷозатномаи «А»-и Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) гирифтанд ва шумори мураббиён бо иҷозатномаи «В» ба 75 нафар, дараҷаи «С» – 204 нафар расида, сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон Мубин Эргашев бори нахуст дар таърихи футболи миллӣ ба иҷозатномаи «PRO» -Федератсияи байнулмилалии футболи Аврупо (УЭФА) соҳиб шуд.

Мутобиқи ҳисоботи департаменти молиявӣ, кумакҳои сарпарастон, аъзоҳаққии иштирокчиёни мусобиқаҳо, маблағҳо барои дастгирӣ аз ҷониби ҳукумати ҶТ, КФО ва Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) сарчашмаҳои асосии маблағгузории ФФТ дар ин давра маҳсуб меёбанд. Ин воситаҳо барои омодагии дастаҳои мунтахаби футболи кишвар (бо шумули футзал), дастгирии зербино ва дигар мақсадҳо масраф шудаанд.

Корманди Федератсия Шавкат Аҳмедов дар бораи иловаҳои нав ба оинномаи ФФТ маълумот дода, ҳамаи онҳо якдилона қабул карда шуданд.

Сипас тибқи рӯзномаи конфронс интихоби президенти Федератсия сурат гирифт. Ба ин мансаб хоҳишмандони дигар набуданд, аз ин рӯ номзадии ягонаи Рустами Эмомалиро ҳамаи 64 вакили конфронс ҷонибдорӣ карданд.

Ба ҳайати кумитаи иҷроияи ФФТ бо аксари кулли овозҳо шахсони зерин интихоб шуданд: Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон; Ахтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ; Шоҳрух Саидов, президенти дастаи футболи «Истиқлол» ва мураббиён Шариф Назаров, Муҳсин Муҳаммадиев, Исроил Шарифов, Музаффар Исҳоқов, Фатҳулло Ҷалилов, Бароталӣ Ҳамидзода ва Фарҳод Сайфиддинов.

Қобили зикр аст, ки Рустами Эмомалӣ бори нахуст моҳи январи соли 2012 президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.