Иштироки намояндаи Тоҷикистон дар маросими оғози фаъолияти AIIB дар Пекин

Намояндаи Тоҷикистон дар маросими расмии оғози фаъолияти Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB), ки рӯзҳои 16-18 январ дар пойтахти Чин – шаҳри Пекин доир мегардад, иштирок мекунад. Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ директори алтернативии AIIB аз Тоҷикистон Лочин Файзуллозода намояндагӣ […]

ASIA-Plus



Намояндаи Тоҷикистон дар маросими расмии оғози фаъолияти Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB), ки рӯзҳои 16-18 январ дар пойтахти Чин – шаҳри Пекин доир мегардад, иштирок мекунад.

Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ директори алтернативии AIIB аз Тоҷикистон Лочин Файзуллозода намояндагӣ мекунад, ки муовини аввали раиси Кумитаи мазкур аст.

Директори Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ аз Тоҷикистон ёвари президенти мамлакат оид ба масоили иқтисодӣ Фаррух Ҳамралиев мебошад.

Дар доираи ин чорабинӣ ҳамчунин вохӯрии аъзои Шӯрои мудирон ва Шӯрои директорони Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ низ баргузор мешавад, ки дар онҳо президенти бонк интихоб мешавад.

Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (англ. Asian Infrastructure Investment Bank, AIIB) – созмони байнулмилалии молиест, ки соли 2014 бо ташаббуси Чин таъсис дода мешавад. Созишнома дар бораи таъсиси бонк аз ҷониби 57 кишвари дунё ба имзо расидааст.

Ҳиссаи бузурги овозҳо дар Шӯрои директрони бонкро Чин, Ҳиндустон ва Русия соҳиб мешаванд. Қароргоҳи бонк дар шаҳри Пекин воқеъ аст. Бонк ба сифати алтернатива ба Хазинаи байнулмилалии асъор (Вашингтон, ИМА), Бонки ҷаҳонӣ (Вашингтон, ИМА) ва Бонки осиёгии рушд (Манила, Филиппин) мавқеъгирӣ мекунад. Ҳаҷми сармояи оиннномавии Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ 100 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Аввали моҳи декабри соли гузашта палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон моддаҳои Созишномаи Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB)-ро

якдилона маъқул шуморид

. Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала муовини вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадиён изҳор намуд, ки ҳиссаи Тоҷикистон дар сармояи оинномавии бонки мазкур 30,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.