Дар посух ба саволи журналистон зимни нишасти хабарӣ муовини аввали раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Баҳром Шодиев изҳор намуд, ки дар масъалаи транзити таҷҳизот барои сохтмони нерӯгоҳи «Роғун»тариқи қаламрави худ Ӯзбекистон монеъа эҷод намесозад.
Қобили зикр аст, ки ҳудуди 90%-и таҷҳизоти гидротехникӣ барои нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯгоҳҳои Норак, силсиланерӯгоҳҳои дарёи Вахш дар корхонаи «Турбоатом»-и шаҳри Харков ва дигар корхонаҳои саноатии Украина истеҳсол шудаанд.
Таҷҳизот барои нерӯгоҳи «Роғун» низ дар ин кишвар истеҳсол шуда, тавассути қаламрави Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба Тоҷикистон оварда мешавад.
Ба гуфтаи Шодиев, ҳамаи бору таҷҳизот барои сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» саривақт оварда шуда, «бо Ӯзбекистон дар ин масъала мушкилие нест». «Баъзан бо сабабҳои техникиву тиҷоратӣ, аз ҷумла нодуруст будани ҳуҷҷатҳо интиқоли бор каме ба таъхир меафтад, вале мо дарҳол чораҷӯӣ карда, дар ҳамдастӣ бо мақомоти гумруки Тоҷикистону Ӯзбекистон мушкилотро ҳал мекунем. Аз ҷониби Ӯзбекистон ҳеҷ мамониате вуҷуд надорад», – қайд кард Шодиев.
Дар робита ба аз ҷониби Русия пурра қатъ шудани транзити молҳои украинӣ тариқи қаламрави худ ва огаҳии Вазорати рушди иқтисоди Украина оид ба душвории имконпазири транзити молҳои украинӣ тариқи қаламрави Русия ба кишварҳои сеюм, аз ҷумла ба Тоҷикистон Шодиев зикр кард, ки бар асари даромаднокии нокофӣ ва мавҷуд набудани боркашонӣ, Русия се гузаргоҳи марзӣ аз ҳашт гузаргоҳро боқӣ гузошт, ки Русияро бо Украина пайваст мекунанд.
«Акнун боркашонӣ ба мо тариқи Беларус ба Русия ва минбаъд бо хатсайри муқарраршуда қулай аст. Агар гузаргоҳҳои марзӣ барои боркашонӣ баста мешуданд, мо расман огоҳинома мегирифтем, вале он то ҳол ба мо нарасидааст», – афзуд номбурда.



