Freedom House Тоҷикистонро кишвари ноозод унвон кард

Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Freedom House ё Хонаи Озодӣ гузориши «Озодӣ дар ҷаҳон дар соли 2016 ( Freedom in the world 2016 )-ро интишор намуд, ки дар он Тоҷикистон чун солҳои пешин ба сафи кишварҳои «ноозод» шомил шудааст. Дар гузориши имрӯз, 27 январ интишоршуда қайд мешавад, ки сарфи назар аз соли 2015 паст будани сатҳи […]



Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Freedom House ё Хонаи Озодӣ гузориши «Озодӣ дар ҷаҳон дар соли 2016 (


Freedom in the world 2016


)-ро интишор намуд, ки дар он Тоҷикистон чун солҳои пешин ба сафи кишварҳои «ноозод» шомил шудааст.

Дар гузориши имрӯз, 27 январ интишоршуда қайд мешавад, ки сарфи назар аз соли 2015 паст будани сатҳи озодӣ дар ҷаҳон, 86 кишвар аз 195 давлат, яъне 74% мисли пешина кишварҳои озод ва 59 давлат қисман озод шуморида мешаванд. Боқимонда 50 кишвари дигар ноозод боқӣ мемонанд. Муддати даҳ соли ахир сатҳи озодӣдар 105 кишвар паст шуда, дар ҳамин ҳол дар 61 минтақа беҳтар шудааст.

Сатҳи аз ҳама пасттарини озодӣ ва риояи озодиҳои шаҳрвандӣ дар Сурия, Сомали, Кореяи Шимолӣ, Ӯзбекистон, Арабистони Саудӣ ва як қатор кишварҳои дигари Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар гузориш зикр мегардад, ки соли гузашта дар Тоҷикистон тамоили пастравии озодиҳои шаҳрвандон оғоз гардид, аз ҷумла пеш аз ва баъди интихоботи парлумонӣ таъқиби нерӯҳои мухолиф сурат гирифт. Ҳабси роҳбарони Ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон қайд мешавад, ки аз моҳи сентябри соли гузашта фаъолияти он дар ҷумҳурӣ манъ шудааст.

«Ҳабси роҳбарон ва манъи фаъолияти ҲНИТ ба риоя нашудани кафолатҳои гуногунандешии сиёсӣ боис мегардад, ки дар созишнома миёни ҳукумат ва мухолифон соли 1997 муқаррар шуда буд», – таъкид месозанд муаллифони гузориш ва зикр мекунанд, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҲНИТ дар сафи мухолифини мусаллаҳ қарор дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.