Дар ноҳияи Люберетски вилояти Маскав барои содир кардани ҷинояти вазнин – ғорати сокини маҳаллӣ зодагони Тоҷикистонро боздошт намуданд.
Бино ба иттилои
Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав,
ба шуъбаи навбатдории пулиси ин ноҳия сокини маҳаллӣ муроҷиат намуда, изҳор мекунад, ки тақрибани соати 21-00 назди яке аз хонаҳо шахсони номаълум ӯро лату кӯб карда, ҳамёнашро дуздидаанд ва маблағи зиёни молӣ беш аз 24 ҳазор рублро ташкил додааст.
Дар ҷараёни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯи ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят кормандони пулис чор нафар зодагони Тоҷикистон, синнашон аз 22 то 24-соларо боздошт кардаанд.
Гуфта мешавад, аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 161-и Кодекси ҷиноии Русия (ғоратгарӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар ин модда то 7 соли зиндон ҷазо пешбинӣ шудааст.





