Суди Нагатинои шаҳри Маскав шаҳрванди Тоҷикистон Гулғунча Амонбековаро ба гумони суиқасди қатли тифли навзоди худ ба ҳабс гирифт. То 7 апрел зан дар ҳабс қарор хоҳад дошт. Дар ин бора ба хабаргузории ТАСС аз хадамоти матбуоти суди мазкур иттилоъ додаанд.
Амонбекова рӯзи якшанбе, 7 феврал дар яке аз хонаҳои воқеъ дар кӯчаи Борисовские Пруди боздошт шудааст. Тибқи фарзияи тафтишот, ӯ тифли навзоди худро ба халтаи полиэтиленӣ печонида, ба қутти ахлот партофтааст.
Хушбахтона, тифл ба қутти ахлот афтода, зинда монд. Наздикиҳои соати 6-и субҳ ӯро ҳавлирӯб Фарид дарёфт кард. Айни замон ба ҳаёти тифл чизе таҳдид намекунад.
Ахири моҳи январ зери тирезаҳои манзили зисти баландошёна дар хиёбони Олимпийскии Митишии вилояти Маскав ҷасади тифли 1-сола дарёфт шуд. Зани 59-сола иқрор шуд, ки ин кушторро ӯ содир намудааст. Дар ҷараёни бозпурсӣ ӯ ҳикоят кардааст, ки шаби 29 январ ҳамроҳи духтару писараш ва ҳамзисти ӯ – модари кӯдак машрубот менӯшидаанд ва як вақте занро гиряи кӯдак ба хашм оварда, ӯро аз тирезаи манзили воқеъ дар ошёнаи нуҳум ба берун меафканад.



