Ҳабси зани тифлро ба қуттии ахлот партофта

Суди Нагатинои шаҳри Маскав шаҳрванди Тоҷикистон Гулғунча Амонбековаро ба гумони суиқасди қатли тифли навзоди худ ба ҳабс гирифт. То 7 апрел зан дар ҳабс қарор хоҳад дошт. Дар ин бора ба хабаргузории ТАСС аз хадамоти матбуоти суди мазкур иттилоъ додаанд. Амонбекова рӯзи якшанбе, 7 феврал дар яке аз хонаҳои воқеъ дар кӯчаи Борисовские Пруди боздошт […]

ASIA-Plus



Суди Нагатинои шаҳри Маскав шаҳрванди Тоҷикистон Гулғунча Амонбековаро ба гумони суиқасди қатли тифли навзоди худ ба ҳабс гирифт. То 7 апрел зан дар ҳабс қарор хоҳад дошт. Дар ин бора ба хабаргузории ТАСС аз хадамоти матбуоти суди мазкур иттилоъ додаанд.

Амонбекова рӯзи якшанбе, 7 феврал дар яке аз хонаҳои воқеъ дар кӯчаи Борисовские Пруди боздошт шудааст. Тибқи фарзияи тафтишот, ӯ тифли навзоди худро ба халтаи полиэтиленӣ печонида, ба қутти ахлот партофтааст.

Хушбахтона, тифл ба қутти ахлот афтода, зинда монд. Наздикиҳои соати 6-и субҳ ӯро ҳавлирӯб Фарид дарёфт кард. Айни замон ба ҳаёти тифл чизе таҳдид намекунад.

Ахири моҳи январ зери тирезаҳои манзили зисти баландошёна дар хиёбони Олимпийскии Митишии вилояти Маскав ҷасади тифли 1-сола дарёфт шуд. Зани 59-сола иқрор шуд, ки ин кушторро ӯ содир намудааст. Дар ҷараёни бозпурсӣ ӯ ҳикоят кардааст, ки шаби 29 январ ҳамроҳи духтару писараш ва ҳамзисти ӯ – модари кӯдак машрубот менӯшидаанд ва як вақте занро гиряи кӯдак ба хашм оварда, ӯро аз тирезаи манзили воқеъ дар ошёнаи нуҳум ба берун меафканад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.