Қабули шакли нави ҷазо барои порадиҳиву порагирӣ (навшуда)

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироти таҳияшуда аз ҷониби ҳукумат ба чанде аз моддаҳои Кодекси ҷиноии ҷумҳуриро, ки дар онҳо барои ҷиноятҳои марбут ба порагирӣ ва порадиҳӣ ивази ҷавобгарии ҷиноӣ ба ҷарима пешбинӣ шудааст, маъқул шуморид. Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини сардори Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Илёс Идрисзода изҳор намуд, ки мутобиқи […]

Аваз Юлдошев



Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироти таҳияшуда аз ҷониби ҳукумат ба чанде аз моддаҳои Кодекси ҷиноии ҷумҳуриро, ки дар онҳо барои ҷиноятҳои марбут ба порагирӣ ва порадиҳӣ ивази ҷавобгарии ҷиноӣ ба ҷарима пешбинӣ шудааст, маъқул шуморид.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини сардори Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Илёс Идрисзода изҳор намуд, ки мутобиқи ин тағйирот, минбаъд шахсоне, ки барои содир намудани ҷинояти марбут ба порадиҳиву порагирӣ маҳкум шудаанд, метавонанд ба ивази пардохти ҷаримаи пулӣ озод карда шаванд.

Номбурда зикр кард, ки «ин пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистонро метавон иқдоми башардӯстона унвон кард».

Минбаъд шахсоне, ки аз ҷониби судҳои кишвар маҳкум шудаанд, бо пардохти ҷарима дар ҳаҷми 200 сомонӣ барои ҳар як рӯзи мутобиқи ҳукми содиршуда дар муассисаҳои ислоҳӣ қарор доштанашон, ба озодӣ баромада метавонанд.

Айни замон мутобиқи моддаи 319-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, барои содир намудани ҷинояти марбут ба порагирӣ ба муҳлати аз 5 то 12 соли маҳрумият аз озодӣ ва дар баъзе ҳолатҳо бо мусодираи амвол ҷазо пешбинӣ шудааст. Дар моддаи 320-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои додани пора ҷазои маҳрум шудан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол бо мусодираи амвол пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, палатаи поёнии парлумон ҳамчунин оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноии ҶТ қарореро тасдиқ намуд, ки мувофиқи он барои дастдарозӣ баҳри таҷовуз ба номус бо истифода аз эҳсосоти динӣ, ҷазо дар шакли аз 3 то 8 соли зиндон ҷорӣ карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.