Нашри тағйироти пешниҳодшуда ба Конститутсия дар муддати се рӯз

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз баъди дастрас кардани хулосаи Суди конститутсионӣ лоиҳаи тағйирот ба Конститутсияи Тоҷикистонро, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод мешавад, тасдиқ намуд. Имрӯз дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон аз 60 вакили дар иҷлосия ҳозирбуда 15 нафарашон дар ин робита суханронӣ намуда, якдилона изҳор доштанд, ки тағйироти мазкур ба таҳкими сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ, […]

Аваз Юлдошев



Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз баъди дастрас кардани хулосаи Суди конститутсионӣ лоиҳаи тағйирот ба Конститутсияи Тоҷикистонро, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод мешавад, тасдиқ намуд.

Имрӯз дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон аз 60 вакили дар иҷлосия ҳозирбуда 15 нафарашон дар ин робита суханронӣ намуда, якдилона изҳор доштанд, ки тағйироти мазкур ба таҳкими сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини волоияти қонун мусоидат мекунанд.

Матни пурраи тағйирот ба Конститутсияи Тоҷикистон муддати се рӯзи оянда дар матбуоти расмӣ ба нашр мерасад.

Вакилон ҳамчунин рӯзи 22 майро санаи баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули тағйирот ба Конститутсияи Тоҷикистон таъин карданд.

Аллакай маълум аст, ки дар варақаҳои овоздиҳӣ ҳамагӣ як савол дарҷ хоҳад ёфт: «Оё Шумо тағйирти пешниҳодшуда ба Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунед?». Ба ин савол ду тарзи ҷавоб пешниҳод мешавад: «ҳа» ё «не».

Ёдрас мекунем, ки палатаи поёнии парлумон санаи 22 январ лоиҳаи тағйирот ба Конститусияи ҷумҳуриро баррасӣ намуда, қарор кард, ки мафҳуми «Сарқонун» аз матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда мешавад.

Дар иҷлосия қайд шуда буд, ки президенти амалкунандаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат ба мансаби сарвари давлат ба шумори номаҳдуд интихоб шуда метавонад.

Ғайр аз ин, ворид намудани тағйироту илова ба моддаи 28-и Конститутсия низ дар назар аст, ки ба таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ дахл дорад. Аз ин модда бекор шудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба таъсиси ҳизбҳои сиёсии дорои хусусияти динӣ ва миллатгароӣ  пешбинӣ мешавад.

Мутобиқи тағйироту иловаи пешбинишуда, синнусоли ягона ҳам барои вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳам аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, ҳамчунин барои судяҳои Суди олӣ, Суди конститутсионӣ ва Суди олии иқтисодии Тоҷикистон – 30 сол муқаррар карда мешавад.

Дар тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда барҳам додани Шӯрои адлияи Тоҷикистон дар назар аст. Ғайр аз ин, дар тағйироту иловаҳо масъулияти падару модарон назди фарзандон ва ҳамчунин фарзандон назди волидон пешбинӣ шудааст.

Суди конститутсионии Тоҷикистон рӯзи 4 феврал тағйироти аз ҷониби парлумон пешниҳодшуда ба Конститусияи ҷумҳуриро, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод шуданаш дар назар аст,

 маъқул шуморид.

«Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда дар маҷмўъ, арзишҳои волои Конститутсияро таҳким бахшида, инъикоси минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон, тақвияти ҳифзи ҳуқуқии шахс, фарогири идомаи ислоҳоти сиёсию иҷтимоӣ ва ҳуқуқию судӣ дар мамлакат мебошанд. Онҳо ба мукаммал намудани меъёрҳои Конститутсия равона гардида, ба амалия ва таҷрибаи ҷаҳонии ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ва ба арзишҳо ва принсипҳои асосии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ мебошанд», – омадааст дар маълумоти суд.

Қайд гардида буд, ки бинобар ин, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба ном ва матн, моддаҳои 1, 5, 7, 8, 14, 15, 16, 18, 20, 27, 28, 32, 34, 37, 38, 40, 45, 49, 51, 56, 61, 64, 65, 69, 71, 73, 74, номи боби шашум, моддаҳои 76, 78, 79, 84, 85, 86, 89, 91, 93 ва муқаррароти интиқолии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавандаро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ донист.

Қобили зикр аст, ки Конститутсияи амалкунандаи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз болоравии нарх истифода барад?

Ҷумҳурӣ ният дорад, ки ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.