Тақвияти нерӯҳои НАТО атрофи марзҳои Русия



Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар Брюссел ҷаласаи Шӯрои Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар сатҳи вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмон ба кор шурӯъ намуда, дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг изҳор доштааст, ки дар давраи пас аз хатми ҷанги сард Созмон густариши бузургмиқёстарини мудофиаи дастаҷамъонаро амалӣ месозад.

Хабаргузории

РИА Новости

дар ин робита менависад,

Йенс Столтенберг

гуфтааст, дар ин вохӯрӣ вазирони мудофиаи 28 кишвари узви НАТО пешниҳод дар бораи тақвияти ҳузури низомии НАТО дар минтақаи шарқи Аврупоро маъқул шуморидаанд.

«Вазирон доир ба ҳузури густарда дар самти шарқӣ ба мувофиқа расиданд. Ҳамла ба як узви НАТО ҳамчун ҳамла ба тамоми Созмон арзёбӣ мешавад». – иброз доштааст ӯ ба журналистон.

Ба гуфтаи Столтенберг, вазирони мудофиаи кишварҳои узви НАТО тавсеъаи ҳузури низомии Созмон дар Баҳри Миёназамин ва Баҳри Сиёҳро мувофиқи мақсад донистаанд.

Ҳамчунин дабири кулли НАТО иттилоъ додааст, ки дар Аврупои Шарқӣ аллакай 8 ситоди Созмон амал карда, то ахири сол фаъолияти боз 2 ситоди дигар дар ин минтақа ба роҳ монда мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное