Тақвияти нерӯҳои НАТО атрофи марзҳои Русия

Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар Брюссел ҷаласаи Шӯрои Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар сатҳи вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмон ба кор шурӯъ намуда, дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг изҳор доштааст, ки дар давраи пас аз хатми ҷанги сард Созмон густариши бузургмиқёстарини мудофиаи дастаҷамъонаро амалӣ месозад. Хабаргузории РИА Новости дар ин робита менависад, Йенс Столтенберг […]

ASIA-Plus



Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар Брюссел ҷаласаи Шӯрои Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар сатҳи вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмон ба кор шурӯъ намуда, дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг изҳор доштааст, ки дар давраи пас аз хатми ҷанги сард Созмон густариши бузургмиқёстарини мудофиаи дастаҷамъонаро амалӣ месозад.

Хабаргузории

РИА Новости

дар ин робита менависад,

Йенс Столтенберг

гуфтааст, дар ин вохӯрӣ вазирони мудофиаи 28 кишвари узви НАТО пешниҳод дар бораи тақвияти ҳузури низомии НАТО дар минтақаи шарқи Аврупоро маъқул шуморидаанд.

«Вазирон доир ба ҳузури густарда дар самти шарқӣ ба мувофиқа расиданд. Ҳамла ба як узви НАТО ҳамчун ҳамла ба тамоми Созмон арзёбӣ мешавад». – иброз доштааст ӯ ба журналистон.

Ба гуфтаи Столтенберг, вазирони мудофиаи кишварҳои узви НАТО тавсеъаи ҳузури низомии Созмон дар Баҳри Миёназамин ва Баҳри Сиёҳро мувофиқи мақсад донистаанд.

Ҳамчунин дабири кулли НАТО иттилоъ додааст, ки дар Аврупои Шарқӣ аллакай 8 ситоди Созмон амал карда, то ахири сол фаъолияти боз 2 ситоди дигар дар ин минтақа ба роҳ монда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.