СММ Русияро ба хотимаи зарбаҳои ҳавоӣ ба музофоти Алеппо даъват кард

Дабири кулли СММ Пан Ги Мун хостори он шудааст, ки маълумоти хароб шудани мактаб дар наздикии музофоати Алеппои Сурия мавриди таҳқиқ қарор бигирад. Ҳомиёни ҳуқуқ дар ин амал Нерӯҳои низомии кайҳонии Русияро муттаҳам мекунанд.  «Мо бо маълумотҳо дар бораи ҳамла ба мактабҳо шинос шудем. Аён аст, ки Дабири куллли СММ аз ин маълумотҳо дар шаҳри […]

ASIA-Plus



Дабири кулли СММ Пан Ги Мун хостори он шудааст, ки маълумоти хароб шудани мактаб дар наздикии музофоати Алеппои Сурия мавриди таҳқиқ қарор бигирад. Ҳомиёни ҳуқуқ дар ин амал Нерӯҳои низомии кайҳонии Русияро муттаҳам мекунанд.

 «Мо бо маълумотҳо дар бораи ҳамла ба мактабҳо шинос шудем. Аён аст, ки Дабири куллли СММ аз ин маълумотҳо дар шаҳри Айн-Жара, наздикии Алеппо хеле нигарон аст», – изҳор доштааст намояндаи Дабири кулли Созмон Стефан Дюжарик. Дар ин бора хабаргузории

РИА Новости

иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи номбурда, «мутаассифона, маълумот доир ба ҳуҷум ба мактабу муассисаҳои тиббӣ тайи ҳафтаҳои ахир зиёд мерасанд». «Агар ин тасдиқ шавад, ҳамлаи имрӯза нақзи ҷиддии ҳуқуқи байнулмилалии башардӯстӣ аст», – гуфтааст ӯ.

Дюжарик таъкид доштааст, ки «Дабири кулли СМИ ба тафтиши пурра ва мустақили ҳодисаи мазкур ва ба ин монанад ҳамлаҳо даъват кардааст».

Бино ба маълумоти агентии Franse-Press, Шӯрои амнияти СММ рӯзи чоршанбе Русияро ба хотима бахшидан ба зарбаҳои ҳавоӣ ба минтакаи Алеппои Сурия даъват карда буд. Ҳамчунин ҳамин рӯз дар Шӯрои амнияти СММ оид ба масоили буҳрони гуманитарӣ дар Алеппо машваратҳои пӯшида баргузор шуданд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.