Нимаи соли 2016 дар Тоҷикистон, Чин, Ветнам, Эрон ва Арегнтина ба таври озмоишӣ нахустин Хонаҳои савдои Русия дар хориҷи ин кишвар ба фаъолият шурӯъ мекунанд. Дар ин бора хабаргузории
ТАСС
иттилоъ медиҳад.
Ин муассисаҳо барои содиркунандагони воқеъӣ ё имконпазири русиягӣ дар бахшҳои ҳамлу нақл, ҷойгиркунии молу маҳсулот, пешниҳоди анборҳои нигаҳдории маҳсулоту биноҳои дафтари корӣ, корҳои ташкили намоишгоҳҳо, баргузории гуфтушунидҳо ва расонидани кумаку машваратҳои ҳуқуқӣ хизматгузориҳо анҷом медиҳанд.
Қобили зикр аст, ки Маркази содиротии Русия (РЭЦ, сохтори корпоратсияи давлатии «Внешэкономбанк») аз моҳи декабри соли 2015 ба ташкили хонаҳои савдо дар хориҷи Русия оғоз намуд. Қаблан вазири рушди иқтисоди Русия Алексей Улюкаев дар ин робита изҳор намуда буд, ки хонаҳои савдои Русия дар хориҷи кишвар дар заминаи намояндагиҳои савдо таъсис дода мешаванд.
Моҳи декабри соли гузашта, замоне, ки ҳоло таҳримҳо нисбати Эрон бекор нашуда буданд, Алексей Улюкаев доир ба ифтитоҳи ин сохторҳо дар 10 кишвар изҳори назар намуда, вале мушаххасан кишварҳоро номбар накарда буд.





