Боздошти нашъафурӯшони тоҷик дар Маскав

Мақомоти пулиси Русия як гурӯҳи фурӯшандагони маводи мухаддири иборат аз шаҳрвандони Тоҷикистонро  боздошт намудааст. Мувофиқи маълумоти фаврӣ, се нафар хориҷиён аз ҳаммаслакони худ миқдори зиёди маводи мухаддирро дастрас ва сипас онро баркашидаву ҷобаҷо ва баъдан тариқи пинҳонгоҳҳо мефурӯхтаанд. Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Русия, зимни кофтукови манзили иҷораи онҳо ҳудуди 6 кило маводи мухаддир […]

ASIA-Plus



Мақомоти пулиси Русия як гурӯҳи фурӯшандагони маводи мухаддири иборат аз шаҳрвандони Тоҷикистонро  боздошт намудааст.

Мувофиқи маълумоти фаврӣ, се нафар хориҷиён аз ҳаммаслакони худ миқдори зиёди маводи мухаддирро дастрас ва сипас онро баркашидаву ҷобаҷо ва баъдан тариқи пинҳонгоҳҳо мефурӯхтаанд.

Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Русия, зимни кофтукови манзили иҷораи онҳо ҳудуди 6 кило маводи мухаддир мусодира шудааст.

Аз хадамоти матбуоти Раёсати Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари Русия ба хабаргузории ТАСС дар ин робита иттилоъ додаанд, ки дар минтақаи шимоли шаҳри Маскав се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба фурӯши маводи мухаддири сахттаъсир машғул будаанд, боздошт ва аз онҳо 6 кило маводи мухаддири героин дарёфт ва мусодира шудааст.

Гуфта мешавад, кормандони пулис огаҳӣ ёфтаанд, ки шаҳрвандонии хориҷии боздоштшуда, ки нисбаташон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, аз ҳаммаслакони худ миқдори зиёди героин – аз 10 то 15 килоро дастрас намуда, сипас онро тариқи пинҳонгоҳҳо ба миқдори 1 кило ва зиёда аз он мефурӯхтаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.