Оғози лоиҳаи нави ҳукумати ИМА оид ба солимӣ ва ғизо дар Хатлон

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико лоиҳаи навро оид ба саломатӣ ва ғизо тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар қисмати ғарбии вилояти Хатлон муаррифӣ намуд. Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ иттилоъ доданд, сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард, муовини раиси вилояти Хатлон хонум Махфират Хидирзода ва муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии […]

Иттилоияи расмӣ



Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико лоиҳаи навро оид ба саломатӣ ва ғизо тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар қисмати ғарбии вилояти Хатлон муаррифӣ намуд.

Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ иттилоъ доданд, сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард, муовини раиси вилояти Хатлон хонум Махфират Хидирзода ва муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Саида Умарзода расман ба лоиҳаи нав оид ба саломатӣ ва ғизо дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда”, ки барои беҳтар намудани саломатӣ ва ғизои занону кӯдакон дар қисмати ғарбии вилояти Хатлон равона шудааст, ҳусни оғоз бахшиданд. 

Дар доираи ташаббуси ҷаҳонии Ҳукумати ИМА «Озуқаворӣ ба хотири оянда» дар самти мубориза бо гуруснагӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, Тоҷикистон ҷиҳати бунёди ҷаҳон бидуни қашшоқии шадид, камбудии ғизо ва гуруснагӣ ба талошҳои байналмиллалӣ шомил гашт. Лоиҳа оид ба саломатӣ ва ғизо ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии тибби дар сатҳи оила, ҷамоат, дармонгоҳ ва кишвар ҷиҳати беҳтар кардани вазъи саломатии модар, навзоду атфол, бахусус дар самти беҳбуди ғизо, тозагии санитарӣ ва беҳдоштии онҳо мусоидат хоҳад кард. 

Лоиҳаи мазкур, ки аз ҷониби USAID ба мӯҳлати панҷ сол маблағгузорӣ мегардад, имкониятҳои кормандони тиббро дар бахши ҳифзи саломатии модару кӯдак фароҳам оварда, ба ҷамоатҳо тавассути муррабиёни ҷамъиятии соҳаи тандурустӣ ва кумитаҳои рушди деҳот дар сайқал додани донишу малака оид ба нигаҳдории маводи ғизоӣ, тақсими буҷаи оила, коркарди заминҳои наздиҳавлигӣ ва асосҳои беҳдоштии шахсӣ мусоидат мекунад. Он ичунин дар арзёбӣ ва такмили сиёсати миллӣ дар самти ҳифзи саломатии модару кӯдак мусоидат хоҳад кард. 

«Озуқаворӣ ба хотири оянда» -ташаббуси Ҳукумати ИМА баҳри рафъи гуруснагӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар саросари ҷаҳон буда, фаъолияти он дар самти дастгирии хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ, ба хусус бо иштироки занон, равона шудааст. Ташаббуси мазкур ба кишварҳои шарик дар тараққӣ додани соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати тезонидани раванди рушди иқтисодӣ ва тиҷорат, ки он, дар навбати худ, ба афзудани даромад ва коҳиш ёфтани сатҳи гуруснагиву камбизоатӣ ва норасоии ғизо мусоидат менамояд, кӯмак мерасонад.


USAID – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ созмони пешсафи Ҳукумати ИМА мебошад, ки дар якҷоягӣ бо мардуми Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба пешрафти иҷтимоиву иқтисодии кишварҳо мусоидат менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.