Ситоиши муфтии Русия аз нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди исломи анъанавӣ

Равил Гайнуддин, раиси Шӯрои муфтиёни Русия бо сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов дидору гуфтушунид намуда, аз нақши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу рушди исломи анъанавӣ ва мазҳаби ҳанафӣ ситоиш кардааст. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Шӯрои муфтиёти Русия, равил Гайнутдин дар ин робита гуфтааст, «ба туфайли чунин талошҳои сарвари давлати тоҷикон пешгирии паҳншавии […]

ASIA-Plus



Равил Гайнуддин, раиси Шӯрои муфтиёни Русия бо сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов дидору гуфтушунид намуда, аз нақши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу рушди исломи анъанавӣ ва мазҳаби ҳанафӣ ситоиш кардааст.

Бино ба

маълумоти

сомонаи расмии Шӯрои муфтиёти Русия, равил Гайнутдин дар ин робита гуфтааст, «ба туфайли чунин талошҳои сарвари давлати тоҷикон пешгирии паҳншавии ақидаҳои ифротӣ муясссар гардида, аз ҷудоиандозӣ миёни мусалмонони Тоҷикистон ҷилавгирӣ шуд».

Гуфта мешавад, зимни гуфтушуниди муфтии Русия бо сафири Тоҷикистон масъалахои марбут ба тарҷумаи китобҳои мазҳаби ҳанафӣ барои мусалмонони минтақаи Осиёи Марказӣ, фиристодани имомхатибони донишманду соҳибтаҷриба аз Тоҷикистон ба Русия баҳри тарбияти имонию ахлоқии муҳоҷирони кории тоҷик, таъсиси намояндагии доимии Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон дар Русия баррасӣ шудаанд.

Дар навбати худ сафири Тоҷикистон ба муфтии Русия оид ба талошҳои ҳукумати Тоҷикистон дар самти таълиму тарбия ва маърифатнокии шаҳрвандони кишвар, муқовимат ба паҳншавии терроризм ва ифротгароӣ, ниграонии мақомоти ҷумҳурӣ аз пайвастани шаҳрвандон ба сафи «Давлати исломӣ», айни замон дар Тоҷикистон фаъолият доштани ҳудуди 4 ҳазор масҷид ва ҷараёни сохтмони масҷиди ҷомеъ дар Душанбе, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ бузургтарин маҳсуб меёбад, муфассал маълумот дода, ҷонибҳо ҳамчунин атрофи дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар кардаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.