Дар Тоҷикистон Хонаи савдои Русия таъсис меёбад

Нимаи соли 2016 дар Тоҷикистон, Чин, Ветнам, Эрон ва Арегнтина ба таври озмоишӣ нахустин Хонаҳои савдои Русия дар хориҷи ин кишвар ба фаъолият шурӯъ мекунанд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад. Ин муассисаҳо барои содиркунандагони воқеъӣ ё имконпазири русиягӣ дар бахшҳои ҳамлу нақл, ҷойгиркунии молу маҳсулот, пешниҳоди анборҳои нигаҳдории маҳсулоту биноҳои дафтари корӣ, корҳои […]

ASIA-Plus



Нимаи соли 2016 дар Тоҷикистон, Чин, Ветнам, Эрон ва Арегнтина ба таври озмоишӣ нахустин Хонаҳои савдои Русия дар хориҷи ин кишвар ба фаъолият шурӯъ мекунанд. Дар ин бора хабаргузории

ТАСС

иттилоъ медиҳад.

Ин муассисаҳо барои содиркунандагони воқеъӣ ё имконпазири русиягӣ дар бахшҳои ҳамлу нақл, ҷойгиркунии молу маҳсулот, пешниҳоди анборҳои нигаҳдории маҳсулоту биноҳои дафтари корӣ, корҳои ташкили намоишгоҳҳо, баргузории гуфтушунидҳо ва расонидани кумаку машваратҳои ҳуқуқӣ хизматгузориҳо анҷом медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки Маркази содиротии Русия (РЭЦ, сохтори корпоратсияи давлатии «Внешэкономбанк») аз моҳи декабри соли 2015 ба ташкили хонаҳои савдо дар хориҷи Русия оғоз намуд. Қаблан вазири рушди иқтисоди Русия Алексей Улюкаев дар ин робита изҳор намуда буд, ки хонаҳои савдои Русия дар хориҷи кишвар дар заминаи намояндагиҳои савдо таъсис дода мешаванд.

Моҳи декабри соли гузашта, замоне, ки ҳоло таҳримҳо нисбати Эрон бекор нашуда буданд, Алексей Улюкаев доир ба ифтитоҳи ин сохторҳо дар 10 кишвар изҳори назар намуда, вале мушаххасан кишварҳоро номбар накарда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон тариқи хати CASA-1000 тобистони соли оянда оғоз мешавад

Инро намояндагони ширкати паймонкори қитъаи афғонистонии хатти интиқоли барқи байниминтақавӣ ваъда медиҳанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.