Баррасии масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус дар Минск



Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Беларус Қозидавлат Қоимдодов бо муовини аввали вазири корҳои хориҷии Беларус Александр Михневич доир гардид.

Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Душанбе дар Минск, зимни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсату иқтисод, ҷараёни амалишавии тавофуқҳои ҳосилшуда зимни сафарҳои расмии сарони ҳарду кишвар, масъалаҳои такмили заминаи қарордодиву ҳуқуқӣ, ҳамкориҳои гуманитарӣ, тиҷоратӣ, баргузории чорабиниҳои анъанавии Рӯзҳои фарҳанги давлатҳо, робитаҳои гуногунсоҳа байни минтақаҳои давлатҳо баррасӣ шуданд.

Дар робита ба вазъи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф қайд карда шуд, ки агар соли гузашта дар мактабҳои олии Беларус 240 нафар донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд, пас имсол шумори онҳо ба 440 нафар расидааст.

Сафири Тоҷикистон қайд кардааст, ки ифтитоҳи нахустин чойхонаи тоҷикӣ дар шаҳри Могилёв ахири соли гузашта нишонаи неки ҳамкориҳои муштараки судманд мебошад.

Сафир ҳамчунин ба ҷониби Беларус барои кумаки башардӯстона ба аҳолии аз офатҳои табиӣ осебдидаи Тоҷикистон миннатдорӣ изҳор намудааст.

Ҷониби Беларус пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани чорабиниҳои муштарак дар мавриди 20-солагии роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳоро дастгирӣ намудааст.

spot_imgspot_img

Популярное