Дар вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ рӯзи 11 феврал маросими баимзорасии Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Олмон дар бораи ҳамкории молиявӣ баргузор шуд.
Тавре хадамоти матбуоти вазорати зикршуда дар ин робита иттилоъ медиҳад, ҳамчунин ҷонибҳо Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Олмон дар бораи ҳамкории техникиро низ ба имзо расониданд.
Зери созишномахои мазкур аз ҷониби Тоҷикистон вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва аз ҷониби Олмон – сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Холгер Грин имзо гузоштанд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин созишномаҳо амалисозии лоиҳаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби воситаҳои грантии ҳукумати Олмон пешбинӣ шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки барои амалисозии лоиҳаҳо дар бахшҳои маориф, энергетика, таълимоти касбӣ, сохтмони мактабҳо, рушди пешниҳоди қарзҳои хурд барои минтақаи деҳот ва барқарор намудани иншооти зербино ба Тоҷикистон 54,5 млн. евро маблағ ҷудо карда мешавад.



