Баркандани парчами қирғизҳо аз боми манзили тоҷикон

Намояндагони ҳукмати маҳаллии деҳаи Кулундуи вилояти Ботканди Қирғизистон имрӯз парчами кишварашонро аз боми манзилҳои хонаи шаҳрвандони тоҷик дар ҳудуди ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд барканданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Саараёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, зимни вохӯрии намояндагони сохторҳои марзии ҳарду кишвар тавофуқ ҳосил шудааст, ки то […]

Аваз Юлдошев



Намояндагони ҳукмати маҳаллии деҳаи Кулундуи вилояти Ботканди Қирғизистон имрӯз парчами кишварашонро аз боми манзилҳои хонаи шаҳрвандони тоҷик дар ҳудуди ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд барканданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Саараёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, зимни вохӯрии намояндагони сохторҳои марзии ҳарду кишвар тавофуқ ҳосил шудааст, ки то пурра таъйину аломатгузорӣ шудани марзи давлатӣ дар қитъаҳои баҳснок, нишону рамзҳои давлатии на Тоҷикистону на Қирғизистон гузошта намешаванд.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 9 феврал Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз насби парчами Қирғизистон бар боми хонаи шаҳрвандони тоҷик дар ҳудуди ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров изҳори нигаронӣ карда, ба мақомоти Қирғизистон нота ё худ ёддошти эътирозӣ фиристод.

Дар ин бора 

Радиои Озодӣ

 бо такя ба маълумоти дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон хабар дода буд. Ба иттилои манбаъ, дар ин ёддошт аз вуруди ғайриқонунии раҳбари яке аз деҳаҳои наздимарзии Қирғизистон ва сарҳадбонҳои он кишвар ба ҳудуди рустои ба номи Ҳалим Бобоеви ҷамоати Овчӣ-Қалъача изҳори нигаронӣ шуда  буд.

Ҷониби Тоҷикистон талаб карда буд, ки Қирғизистон вобаста ба ин қазия тафтишоти мунсифона барад ва омилонашро ба ҷавобгарӣ бикашад. Инчунин, дар ин ёддошт аз ҷониби Қирғизистон хоста шудааст, ки дар оянда аз ҳамагуна худсариҳо ҷилавгирӣ намояд.

Қобили зикр аст, ки тақрибан 30-40 марзбони қирғиз рӯзи 6 феврал вориди хоки Тоҷикистон шуда, дар болои манзили зисти Муҳаммадалӣ Абдулвалиев ва Абдуғаффор Ҷалолов – сокинони ҷамоати Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – парчами кишварашонро насб карда, иддао кардаанд, ки манзили Муҳаммадалӣ Абдувалиев дар хоки Қирғизистон аст ва соҳибаш бояд онро холӣ кунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.