Омодагии ХБА ҷиҳати мусоидат ба барномаи иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон

Як ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) таҳти раҳбарии Пол Росс аз 1 то 10 феврал ҷиҳати баррасии сиёсати макроиқтисодӣ ва барномаи ислоҳоти сохторӣ дар Тоҷикистон қарор дошта, дар ин муддат гурӯҳи кормандони Хазина ба нахуствазири Тоҷикистон, муовини аввали ӯ ва раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ дидору гуфтушунид карданд. Дар изҳороти раҳбари ҳайат гуфта мешавад, ҳукумати Тоҷикистон […]

ASIA-Plus



Як ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) таҳти раҳбарии Пол Росс аз 1 то 10 феврал ҷиҳати баррасии сиёсати макроиқтисодӣ ва барномаи ислоҳоти сохторӣ дар Тоҷикистон қарор дошта, дар ин муддат гурӯҳи кормандони Хазина ба нахуствазири Тоҷикистон, муовини аввали ӯ ва раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ дидору гуфтушунид карданд.

Дар изҳороти раҳбари ҳайат гуфта мешавад, ҳукумати Тоҷикистон ва гурӯҳи кормандони ХБА оид ба баррасии нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар тайи соли ахир, таъсири омилҳои беруна, асосҳои сиёсати макроиқтисодии мақомоти расмӣ ва тарҳҳои ислоҳот гуфтушуниди созанда анҷом доданд.

«Ҳайати ХБА ба ҳамкории зич бо Тоҷикистон идома дода, аз талошҳои ҳукумат ва Бонки миллӣ бобати мусоидат ба суботи макроиқтисодӣ ва рушди иқтисодӣ дастгирӣ мекунад. ХБА ҳамчунин ба пешниҳоди кумаки фаннӣ ҷиҳати рушди имконоти ниҳодҳои иқтисодии Тоҷикистон идома мебахшад», – омадааст дар иттилои ХБА.

Зикр мегардад, ки ҳукумати Тоҷикистон хостори боисрор ва қотеъона талош варзидан ба иҷрои вазифаҳо (хатарҳо)-и назди иқтисод қарордошта буда, ҳайати ХБА ин кӯшишҳоро дастгирӣ хоҳад кард.

«Тайи 18 моҳи ахир иқтисоди Тоҷикистон чун иқтисоди дигар кишварҳои минтақа ба таъсири ҷиддии омилҳои беруна дучор шудааст, ки онҳо ба коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ бо доллари ИМА, даромад аз содирот ва қурби табодули асъор, кам шудани воридот ва истеъмол, таъсир ба вазъи молии бонкҳо оварда расонида, ҳамаи ин мутаносибан ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ таъсир расонид. Ҳарчанд нисбатан устувор будани қурби мубодила баъзе омилҳои фишорро сабуктар карда бошад ҳам, тасҳеҳу тағйири нишондиҳандаҳои иқтисоди Тоҷикистон вобаста ба коҳиш ёфтани интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон ва даромад аз содирот дар партави бозгашти муҳоҷирони корӣ ба ватан идома дорад», – қайд мешавад дар иттилои Хазина.

Дар маълумот ҳамчунин зикр мегардад, ки ҳайати ХБА аз ҷасорати мақомоти расмии Тоҷикистон истиқбол намуда, аз ҳадафҳои онҳо пуштибонӣ мекунад, бахусус дар шароити ба таври назаррас бад шудани дурнамои рушди иқтисодӣ дар соли 2016.

Гуфта мешавад, дар ин робита мақомоти расмӣ ва ҳайати ХБА вазъи сиёсати иқтисодӣ оид ба идоракунии таъсирҳои беруна, нигаҳдории суботи макроиқтисодӣ ва роҳу воситаҳои ноил гардидан ба рушди устувор ва ҳамаҷониба дар дурнамои миёнамуҳлатро баррасӣ карданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ХБА баҳри мусоидат ба барномаи иқтисодии мақомоти расмӣ ва барномаи ислоҳот омода аст, аз ҷумла бо баррасии пешниҳоди дастгирии молиявӣ бо шарти аз ҷониби мақомоти расмӣ қабул шудани тадбирҳои назарраси сиёсати иқтисодӣ дар марҳилаҳои ибтидоӣ.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти

Радиои Озодӣ

, ҳини сафари ин ҳайат ҳукумати Тоҷикистон аз Хазинаи байналмиллалии асъор дар шароити буҳрони иқтисодӣ ҳудуди 100 миллион доллар кумаки молӣ дархост кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.