Барои татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ Олмон ба Тоҷикистон 54,5 млн. евро медиҳад

Дар вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ рӯзи 11 феврал маросими баимзорасии Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Олмон дар бораи ҳамкории молиявӣ баргузор шуд. Тавре хадамоти матбуоти вазорати зикршуда дар ин робита иттилоъ медиҳад, ҳамчунин ҷонибҳо Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Олмон дар бораи ҳамкории техникиро низ ба имзо расониданд. Зери созишномахои мазкур […]

ASIA-Plus



Дар вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ рӯзи 11 феврал маросими баимзорасии Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Олмон дар бораи ҳамкории молиявӣ баргузор шуд.

Тавре хадамоти матбуоти вазорати зикршуда дар ин робита иттилоъ медиҳад, ҳамчунин ҷонибҳо Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Олмон дар бораи ҳамкории техникиро низ ба имзо расониданд.

Зери созишномахои мазкур аз ҷониби Тоҷикистон вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва аз ҷониби Олмон – сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Холгер Грин имзо гузоштанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин созишномаҳо амалисозии лоиҳаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби воситаҳои грантии ҳукумати Олмон пешбинӣ шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки барои амалисозии лоиҳаҳо дар бахшҳои маориф, энергетика, таълимоти касбӣ, сохтмони мактабҳо, рушди пешниҳоди қарзҳои хурд барои минтақаи деҳот ва барқарор намудани иншооти зербино ба Тоҷикистон 54,5 млн. евро маблағ ҷудо карда мешавад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.