Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, аз имкони рӯ задани ҷанги нави ҷаҳонӣ ҳушдор дода, изҳор намудааст, ки «агар роҳи ҳалли бӯҳрони Сурия пайдо нашавад ва Амрикову кишварҳои Араб нерӯҳои заминии худро ба ин кишвар ворид кунанд, хатари даргириҳои доимӣ ва «ҷанги ҷаҳонӣ» пеш хоҳад омад».Дар ин бора Радиои Озодӣ бо истинод ба маълумоти нашрияи олмонии Handelsblatt хабар медиҳад.
Медведев қайд кардааст, ки Русия ва Амрико боядаз нуфузи худ ба ҷонибҳои даргир барои барқарории оташбас истифода кунанд. Ӯ таъкид кардааст, дар сурати оғози амалиёти заминии Арабистони Саудӣ ба раҳбарии Амрико дар Сурия даргириҳо дар ин кишварро ба мисли Афғонистон доимӣ хоҳад кард.
Нахуствазири Русия зикр кардааст, киАмрико ва кишварҳои Араб қабл аз даргир шудан дар мухолифатҳои Сурия бояд барои ёфтани роҳҳои ҳалли сулҳомези ин қазия аз тариқи музокирот талош кунанд.
Қобили зикр аст, ки аар моҳи сентябри соли гузашта ҳавопаймоҳои Русия ба манзури кумак ба нерӯҳои Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, ба бомбаборони мавзеъҳои мухолифони Асад шурӯъ карданд. Эътилофи ба раҳбарии Амрико низ дар бомбаборони Сурия иштирок доранд.



