Дастури прокурори генералӣ оид ба шарҳи тағйирот ба Конститутсия



Дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Дастгоҳи марказӣ, Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҷумҳурӣ, ки 10 феврали соли равон аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон қабул ва ба Райъпурсии умумихалқӣ пешниҳод шудааст, мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод  доир ба ин масъала ибрози назар намуда, мазмуну моҳияти тағйиротҳои пешниҳодшуда ба Конститутсия ва зарурати қабули онҳоро ба ҳозирин  шарҳ дод.

Ба райъпурсии умумихалқӣ  пешниҳод шудани  тағйир у иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун руйдоди муҳим дар ҳаёти сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвар арзёбӣ гардида, аз ҷониби ҳозирин якдилона  тарафдорӣ карда шуд.

Ба прокуророни вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва ба онҳо баробаркардашуда дастур дода шуд, ки ҷиҳати дар маҳалҳо ба аҳолӣ фаҳмонидани мазмун ва муҳтавои  тағйиротҳои ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда чорабиниҳои васеи ташвиқотиро  роҳандозӣ намоянд.

spot_imgspot_img

Популярное