Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар бораи бекор кардани маъмурияти муваққатӣ дар ҶСП «Фононбонк» маълумот медиҳад.
«Мутобиқи моддаи 61-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ аз 12 феврали соли ҷорӣ фаъолияти Маъмурияти муваққатии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Фононбонк”-ро бинобар бартараф шудани асосҳое, ки боиси таъини он гардида буданд, анҷомёфта ҳисоб намуд.», – омадааст дар маълумоти хадамоти матбуоти БМТ.
Қайд мешавад, ки дар робита ба қарори зикршуда, роҳбарияти ҶСП “Фононбонк” уҳдадор карда шуд, ки дар муҳлати то як моҳ аз рӯзи қабули қарори мазкур нақшаи беҳбудии вазъи молиявии бонкро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи октябри соли гузашта бо мақсади беҳбуди вазъи молиявии ҶСП «Фононбонк» БМТ дар ин муассисаи тиҷоратӣ
маъмурияти муваққатӣ таъин кард
.
ҶСП «Фононбонк» вориси ҶСП «Ташкилоти қарзии Фонон» мебошад. Моҳи майи соли 2007 «Фононбонк» дар Вазорати адлияи ҶТ сабти ном шуда, 4 январи соли 2008 барои анҷоми амалиёти молиявӣ ба сифати бонк аз БМТ иҷозатнома гирифт.
Дафтари кории маркзии ҶСП «Фононбонк» дар пойтахт қарор дошта, бонк дар саросари кишвар 14 филиал дорад.



