Имрӯз, 15 феврал ба хурӯҷи артиши шӯравӣ аз Афғонистон 27 сол пур мешавад. Дар ин рӯзи соли 1989 ба иштироки тӯлонитарини низомиёни шӯравӣ дар низоъи мусаллаҳонаи Афғонистон хотима бахшида шуда, марзи давлатии кишварҳоро охирин қатораи низомиёни шӯравӣ убур кард.
Ин маъракаи низомӣ муддати 9 сол идома ёфта, тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷараёни он 14 ҳазор нафар шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ ҷони худро аз даст доданд.
Бино ба маълумоти Шӯрои ҷановарони интернатсионалисти Тоҷикистон, дар доираи ин маърака беш аз 15 ҳазор нафар тоҷикистониён низ ба Афғонистон сафарбар шуда, 366 нафар аз онҳо ҳалок ва беш аз 1 ҳазор нафар ҷанговарони интернатисоналист аз Тоҷикистон маҷрӯҳ шуданд.
Тибқи анъана ҳар сол ҷанговарони интернатсионалисти Тоҷикистон барои таҷлили ин сана назди муҷассамаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко дар Душанбе гирдиҳам меояд. А.Мироненко дар Афғонистон ҳалок шудааст.
Дар ин чорабинӣ намояндагони ҳайати фамондеҳиии пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, кормандони мақомоти давлатии ҳукумат, Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва сафорати Русия дар ҶТ ширкат меварзанд.





