Семинари ФАО оид ба беҳбуди низоми назорати заҳрхимикатҳо



Рӯзи 18 феврал дар пойтахти ҷумҳурӣ машварати миллӣ оиди  беҳтаркунии низоми назорати заҳрхимикатҳо бо дастгирии Ташкилоти озуқа ва кишоварзӣ (ФAO) баргузор мегардад.

 

Тавре аз намояндагии ФАО дар ҶТ иттилоъ доданд, семинари мазкур бо мақсади баррасии натиҷаҳои омӯзиши ҳолати бақайдгирӣ ва назорати сифати заҳрхимикатҳо дар ҷумҳурӣ ва муҳокимаи имконияти ҳалли масъала баргузор мегардад. 

Интизор меравад, ки дар ҷамъомади беш аз 20 мутахассисони идораҳои дахлдори давлатӣ ва ҳамчунин ташкилотҳои байналхалқӣ, ки шарикони ФAO дар Тоҷикистон мебшанд, иштирок хоҳанд  кард.

Ҳафиз Мӯминҷонов, мутахассиси  ФAO дар соҳаи растанипарварӣ қайд намуд, ки дар чорчӯбаи лоиҳаҳо ва барномаҳои ҳамкорӣ, ташкилот ба мамлакатҳои минтақа дар ҳалли масъалаи идораи заҳрхимикатҳо кӯмаки амалӣ мерасонад. Яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ  ин ҷорӣ намудани усулҳои самараноки ҳимояи растанӣ ба шумор мераванд, ки он меъёри истеътифодаи маводи кимиёвиро кам намуда, ба солимгардии муҳити зист шароит фароҳам меорад.

Дар семинар масъалаҳои танзими гардиши заҳрхимикатҳо, аз он ҷумла, тартиби бақайдгирии онҳо, такмили қонунгузории соҳавӣ, ҳамчунин  омодасозӣ  ва нашри Феҳрасти заҳрхимикатҳо, ки истифодабарии онҳо дар мамлакат иҷозат дода шудааст, муҳокима  мешаванд.

“Дар айни замон, барои мубориза бо касаливу зараррасони кишоварзӣ воситаҳои гуногуни кимиёвӣ истифода бурда мешавад, ки бархе аз онҳо барои саломатии инсон, ҳайвонот ва муҳити зист хатари мутлақ дорад. Бинобар ин, Ҳукумати Тоҷикистон ба ФAO барои кӯмаки техникӣ баҳри мукаммалсозии низоми бақайдгирӣ ва назорати сифати заҳрхимикатҳо, муроҷиат намуд,” –Виорел Гутсу, Намояндаи ФAO  дар Тоҷикистон гуфт.

Чорабинии мазкур дар чорчӯбаи лоиҳаи ФAO “Дастгирии техникӣ барои ҷорӣ намудани усулҳои самараноки зироатҳои афзалиятнок ва дарахтони мевадор аз касаливу зарраррасонҳо”, дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон, гузаронида мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное